https://sputnik.tj/20230202/eron-tojikistoniyon-gardishgari-salomati-mashhad-1054653133.html
Эрон мехоҳад тоҷикистониёнро ба гардишгарии саломатӣ ба Машҳад бештар ҷалб намояд
Эрон мехоҳад тоҷикистониёнро ба гардишгарии саломатӣ ба Машҳад бештар ҷалб намояд
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандони Афғонистон бештарин гардишагрони саломатӣ ҳастанд, ки ба шаҳри Машҳади Эрон мераванд. Тоҷикистониён дар радаи ҳафтум ҷой гирифтаанд
2023-02-02T19:05+0500
2023-02-02T19:05+0500
2023-02-02T19:05+0500
дар тоҷикистон
эрон
гардишгарӣ
саломатӣ
ҷалб
машҳад
афғонистон
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/10/1040254442_0:159:3076:1889_1920x0_80_0_0_c082863d8c1f45a5658f057310fd67ff.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Кишварҳои Афғонистон бо 19 ҳазор нафар, Ироқ бо 18 ҳазор нафар, Баҳрайн, Туркманистон, Кувайт, Умон, Тоҷикистон ва Покистон бештарин муроҷиъаро ба Машҳад доштанд, иттилоъ додааст хабаргузории "Парс Тудей" дар истинод ба изҳороти мудири гардишгарии саломати донишгоҳи улумпизишкии Машҳад воқеъ дар шимоли шарқи Эрон Довуди Хушшикан.Ба гуфтаи вай теъдоди гардишгарони саломати дар Машҳад бо таваҷуҳ ба зарфиятҳои мавҷуд бисёр кам аст.Мудири гардишгарии саломати донишгоҳи улумпизишкии Машҳад гуфт, парвози мустақим аз Масқат ба Машҳад рафтубаргашт ва ҳамчунин парвози Душанбе ба Машҳад фурсати хуби дар заминаи гардишгарии саломати Машҳад аст.“Иртиботи мусақим бо кишварҳои ҳадаф ва ҷазби беморони ҳамсояро дар барнома дорем, ки дар бахши аввал бо 15 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Қирғизистон, Умон, Баҳрайн, Ироқ, Сурия ва Туркия то 4 соли дигар бо 110 кишвар хоҳад буд”,- афзуд вай.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар кишвар сайёҳии табобатӣ рушд дода шавад, то аз хориҷ барои табобат ба кишвар оянд, на баръакс.“Вобаста ба истифодаи захираҳои табиат ва имкониятҳои соҳаи тандурустӣ корро тавре бояд ташкил кард, ки ба хориҷа барои табобат рафтани шаҳрвандон тадриҷан аз байн бурда шавад. Баръакс, бо мақсади саёҳати табобатӣ ба Тоҷикистон омадани хориҷиҳо афзоиш ёбад”, - гуфт кишвардор.Пештар раисиҷумҳур аз кори соҳаи тибби Тоҷикистон интиқод карда, гуфта буд, ки мардум ба табибони тоҷик эътимод надоранд ва агар сари мақомдоре дард кунад, даррав ба хориҷа медавад.
https://sputnik.tj/20220901/rahmon-tabobat-mansabdoron-khorij-1051097815.html
эрон
машҳад
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/10/1040254442_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_b7c4120e8fafd5fcebd9203fb0ad3553.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, машҳад, ҷалб, тоҷикистониён, эрон, гардишгарии саломатӣ, афғонистон
тоҷикистон, машҳад, ҷалб, тоҷикистониён, эрон, гардишгарии саломатӣ, афғонистон
Эрон мехоҳад тоҷикистониёнро ба гардишгарии саломатӣ ба Машҳад бештар ҷалб намояд
Шаҳрвандони Афғонистон бештарин гардишагрони саломатӣ ҳастанд, ки ба шаҳри Машҳади Эрон мераванд. Тоҷикистониён дар радаи ҳафтум ҷой гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Кишварҳои Афғонистон бо 19 ҳазор нафар, Ироқ бо 18 ҳазор нафар, Баҳрайн, Туркманистон, Кувайт, Умон, Тоҷикистон ва Покистон бештарин муроҷиъаро ба Машҳад доштанд, иттилоъ додааст хабаргузории "Парс Тудей" дар истинод ба изҳороти мудири гардишгарии саломати донишгоҳи улумпизишкии Машҳад воқеъ дар шимоли шарқи Эрон Довуди Хушшикан.
Ба гуфтаи вай теъдоди гардишгарони саломати дар Машҳад бо таваҷуҳ ба зарфиятҳои мавҷуд бисёр кам аст.
Мудири гардишгарии саломати донишгоҳи улумпизишкии Машҳад гуфт, парвози мустақим аз Масқат ба Машҳад рафтубаргашт ва ҳамчунин парвози Душанбе ба Машҳад фурсати хуби дар заминаи гардишгарии саломати Машҳад аст.
“Иртиботи мусақим бо кишварҳои ҳадаф ва ҷазби беморони ҳамсояро дар барнома дорем, ки дар бахши аввал бо 15 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Қирғизистон, Умон, Баҳрайн, Ироқ, Сурия ва Туркия то 4 соли дигар бо 110 кишвар хоҳад буд”,- афзуд вай.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар кишвар сайёҳии табобатӣ рушд дода шавад, то аз хориҷ барои табобат ба кишвар оянд, на баръакс.
“Вобаста ба истифодаи захираҳои табиат ва имкониятҳои соҳаи тандурустӣ корро тавре бояд ташкил кард, ки ба хориҷа барои табобат рафтани шаҳрвандон тадриҷан аз байн бурда шавад. Баръакс, бо мақсади саёҳати табобатӣ ба Тоҷикистон омадани хориҷиҳо афзоиш ёбад”, - гуфт кишвардор.
Пештар раисиҷумҳур аз кори соҳаи тибби Тоҷикистон интиқод карда, гуфта буд, ки мардум ба табибони тоҷик эътимод надоранд ва агар сари мақомдоре дард кунад, даррав ба хориҷа медавад.