https://sputnik.tj/20230201/tasisi-osorkhona-hunarpesha-alovuddin-abdullozoda-bokhtar-1054621964.html
Таъсиси осорхонаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозода дар Бохтар
Таъсиси осорхонаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозода дар Бохтар
Sputnik Тоҷикистон
Дар моҳи декабри соли гузашта Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба номи Аловуддин Абдуллозода номгузорӣ шуда буд
2023-02-01T16:55+0500
2023-02-01T16:55+0500
2023-02-01T16:55+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
ҳунарпеша
осорхона
таъсис
аловуддин абдуллоев
бохтар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102748/13/1027481384_0:50:1000:613_1920x0_80_0_0_13f5104673c91d184833703aac9abab8.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон тасмим гирифтааст дар ин макони фарҳангӣ осорхонаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозодаро таъсис диҳад.Дар ин хусус ахиран зимни нишасти матбуотии Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон иттилоъ дод.Ёдовар мешавем, ки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик 17 феврали соли 2022 дар синни 57-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ӯ солҳои охир вазифаи сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлонро ба уҳда дошт.Аловуддин Абдуллоев 15 майи соли 1965 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таваллуд шудааст.Ҳунарманд соли 1989 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро хатм карда, корро дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қурғонтеппа оғоз намуд. Ӯ дар ин ҷо ба ҳайси ҳунарпеша ва коргардон бомуваффақият кор карда, чандин солҳо роҳбарии ин театрро бар дӯш дошт.Оқои Абдуллоев барои нақшҳои мондагор ва хидматҳои пурарзиш соли 2006 бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2013 бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
https://sputnik.tj/20221227/bokhtar-kokh-farhangro-alovuddin-abdulloev-1053840752.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102748/13/1027481384_58:0:942:663_1920x0_80_0_0_d54261f3509c11cc5d75bda8f4b923a7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, осорхона, фарҳанг, аловуддин абдуллозода , бохтар, ҳунарпеша
тоҷикистон, осорхона, фарҳанг, аловуддин абдуллозода , бохтар, ҳунарпеша
Таъсиси осорхонаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозода дар Бохтар
Дар моҳи декабри соли гузашта Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба номи Аловуддин Абдуллозода номгузорӣ шуда буд
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон тасмим гирифтааст дар ин макони фарҳангӣ осорхонаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозодаро таъсис диҳад.
Дар ин хусус ахиран зимни нишасти матбуотии Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон иттилоъ дод.
Ёдовар мешавем, ки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик 17 феврали соли 2022 дар синни 57-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ӯ солҳои охир вазифаи сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлонро ба уҳда дошт.
Аловуддин Абдуллоев 15 майи соли 1965 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Ҳунарманд соли 1989 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро хатм карда, корро дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қурғонтеппа оғоз намуд. Ӯ дар ин ҷо ба ҳайси ҳунарпеша ва коргардон бомуваффақият кор карда, чандин солҳо роҳбарии ин театрро бар дӯш дошт.
Оқои Абдуллоев барои нақшҳои мондагор ва хидматҳои пурарзиш соли 2006 бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2013 бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.