https://sputnik.tj/20221227/bokhtar-kokh-farhangro-alovuddin-abdulloev-1053840752.html
Дар Бохтар Кохи фарҳангро ба номи Аловуддин Абдуллоев гузоштанд
Дар Бохтар Кохи фарҳангро ба номи Аловуддин Абдуллоев гузоштанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Хатлон хотираи ҳунарманди фарҳехта ва яке аз устураҳои ҳаҷви тоҷикро Аловуддин Абдуллозодаро гиромӣ доштанд
2022-12-27T19:03+0500
2022-12-27T19:03+0500
2022-12-27T19:03+0500
дар тоҷикистон
аловуддин абдуллоев
фарҳанг
ҳунарманд
ҳаҷвнигорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102748/12/1027481293_0:167:762:596_1920x0_80_0_0_50529a2a58415d8231ae4bc32e70d2ba.jpg
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ба номи ҳунарманди шинохтаи кишвар марҳум Аловуддин Абдуллозода гузошта шуд.Қарор дар бораи ин тасмим дар иҷлосияи 13-уми Маҷлиси вакилони халқии шаҳри мазкур қабул карда шуд. Дар ин бора Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хабар дод. Маврид ба зикр аст, ки қаблан дар вилоят ҷоизаи раиси Хатлон дар бахши фарҳанг, ки фалаксароӣ, сурудҳои эстрадӣ, рақс ва ҳаҷву театрро дар бар мегирад, ба номи устодони соҳа таъсис дода шуд.Аз ҷумла таъсиси ҷоиза дар риштаи санъати театр ва ҳаҷв ба номи Аловуддин Абдуллозода гузошта шуд.Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ҳунарманди маъруфи театр ва синамои тоҷик дар синни 57-солагӣ 17-уми феврал бар асари сактаи қалб даргузашт.Солҳои охир ӯ пас аз ширкат дар озмуни истеъдодҳои Осиёи Марказӣ, ки дар ҳайати доварон буд, дар минтақа низ маъруфияти зиёд пайдо кард.Дар байни асарҳои машҳури ҳунарманд нақшҳои филмҳои "Бро", "Падари моҳвора", "Туҳмат", "Чоҳ", "Номи ҳақиқӣ" ба ёдгор мондаанд.Ҳолномаи Аловуддин АбдуллоевАловуддин Абдуллоев 15 майи соли 1965 дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон ба дунё омада, хатмкардаи Донишгоҳи санъати Тоҷикистон аст ва фаъолияти худро аз Театри драмаи мусиқии Қурғонтеппа оғоз кардааст.Пешниҳоди раиси театри Бохтар: Ба Аловуддин Абдуллозода мукофоти давлатии Рӯдакӣ диҳедДар ин миён ӯ дар чандин намоишномаҳои театрӣ, назири "Антигона", "Бозиҳои аҷиб", "Аршин Малалон", "Лаку Пак", "Давлати Сомониён" ва филмҳои маъруфи "Бародар", "Падари моҳтобӣ", "Туҳмат", "Қиёми рӯз" ва ғайра нақшофаринӣ кардааст.Бузургтарин ёдгори ӯ силсилабарномаи махсуси телевизионии “Шӯхиҳои Аловуддин” аст, ки ӯ нақши чандин қаҳрамонро иҷро мекунад ва муҷиби шуҳрати беандохаи ӯ шудаанд.
https://sputnik.tj/20221214/raisi-khatlon-joiza-nom-ustodon-shinokhta-farhang-1053504522.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102748/12/1027481293_0:96:762:668_1920x0_80_0_0_1c83fa24c067dea31d89ad114ccd12ae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бохтар кохи фарҳанг аловуддин абдуллоев
бохтар кохи фарҳанг аловуддин абдуллоев
Дар Бохтар Кохи фарҳангро ба номи Аловуддин Абдуллоев гузоштанд
Мақомоти вилояти Хатлон хотираи ҳунарманди фарҳехта ва яке аз устураҳои ҳаҷви тоҷикро Аловуддин Абдуллозодаро гиромӣ доштанд
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ба номи ҳунарманди шинохтаи кишвар марҳум Аловуддин Абдуллозода гузошта шуд.
Қарор дар бораи ин тасмим дар иҷлосияи 13-уми Маҷлиси вакилони халқии шаҳри мазкур қабул карда шуд.
Дар ин бора Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хабар дод.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан дар вилоят ҷоизаи раиси Хатлон дар бахши фарҳанг, ки фалаксароӣ, сурудҳои эстрадӣ, рақс ва ҳаҷву театрро дар бар мегирад, ба номи устодони соҳа таъсис дода шуд.
Аз ҷумла таъсиси ҷоиза дар риштаи санъати театр ва ҳаҷв ба номи Аловуддин Абдуллозода гузошта шуд.
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ҳунарманди маъруфи театр ва синамои тоҷик дар синни 57-солагӣ 17-уми феврал бар асари сактаи қалб даргузашт.
Солҳои охир ӯ пас аз ширкат дар озмуни истеъдодҳои Осиёи Марказӣ, ки дар ҳайати доварон буд, дар минтақа низ маъруфияти зиёд пайдо кард.
Дар байни асарҳои машҳури ҳунарманд нақшҳои филмҳои "Бро", "Падари моҳвора", "Туҳмат", "Чоҳ", "Номи ҳақиқӣ" ба ёдгор мондаанд.
Ҳолномаи Аловуддин Абдуллоев
Аловуддин Абдуллоев 15 майи соли 1965 дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон ба дунё омада, хатмкардаи Донишгоҳи санъати Тоҷикистон аст ва фаъолияти худро аз Театри драмаи мусиқии Қурғонтеппа оғоз кардааст.
Дар ин миён ӯ дар чандин намоишномаҳои театрӣ, назири "Антигона", "Бозиҳои аҷиб", "Аршин Малалон", "Лаку Пак", "Давлати Сомониён" ва филмҳои маъруфи "Бародар", "Падари моҳтобӣ", "Туҳмат", "Қиёми рӯз" ва ғайра нақшофаринӣ кардааст.
Бузургтарин ёдгори ӯ силсилабарномаи махсуси телевизионии “Шӯхиҳои Аловуддин” аст, ки ӯ нақши чандин қаҳрамонро иҷро мекунад ва муҷиби шуҳрати беандохаи ӯ шудаанд.