https://sputnik.tj/20230201/suzishvori-arzon-rohkiro-sharhi-vazir-1054621591.html
Чаро сӯзишворӣ арзон мешаваду роҳкиро не: Шарҳи вазир
Чаро сӯзишворӣ арзон мешаваду роҳкиро не: Шарҳи вазир
Sputnik Тоҷикистон
Вазири нақлиёти Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро арзиши сӯзишворӣ дар кишвар коҳиш меёбад, аммо нархи роҳкиро ҳамоно баланд боқӣ мемонад
2023-02-01T15:45+0500
2023-02-01T15:45+0500
2023-02-01T15:45+0500
дар тоҷикистон
роҳкиро
сӯзишворӣ
нархи қимат
азим иброҳим
вазири нақлиёт
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102226/78/1022267892_0:126:2411:1482_1920x0_80_0_0_1aa741ba8d8848633c8856cf4b44732e.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим сабаби бетағйир мондани арзиши роҳкирои нақлиёти ҷамъиятиро дар ҳоле, ки дар моҳҳои охир нархи сӯзишворӣ поин рафт, шарҳ дод.Вазири тоҷик изҳор дошт, ки айни замон арзиши сӯзишворӣ қариб дар як сатҳ бо баҳори соли 2021 қарор дорад, замоне, ки бори охир нархи роҳкиро тавасути нақлиёти мусофиркаш пас аз мувофиқаи онҳо бо Хадамоти зиддиинҳисории кишвар муқаррар шуда буд.Ба гуфтаи вай, агар ҳатто нархи сӯзишворӣ ва арзиши роҳкиро дар нақлиёт каме фарқ дошта бошанд ҳам, дар ин давра хидматрасонӣ ва дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани воситаи нақлиёт, аз ҷумла нархҳо ба қисмҳои эҳтиётӣ ва ғайра боло рафт.Вазир илова намуд, ки айни замон фоидаи кормандони нақлиёти мусофирбар 10-15 дарсадро ташкил медиҳад.Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо қимати гази моеъ, яке аз умдатарин маводи сӯхт дар навоҳии Тоҷикистон дар муқоиса ба рӯзҳои қаблӣ то 40 – 50 дирам поён шудааст.Дар нуқтаҳои фуруши сӯзишворӣ нархномаҳо тағйир ёфтанд. Бино ба нишондодҳои нав арзиши гази моеъ то 3,4 - 3,3 сомонӣ поён бурда шудааст.Аммо бино ба иттилоъи дарёфтӣ ҳоло арзиши роҳкиро барои микроавтобусҳо дар дохили Хуҷанд 2,5 сомонӣ ва қимати мусофирбарҳои фармоишӣ (таксӣ) 11 – сомонӣ аст.Дар ҳоле нархи гази моеъ поин меравад, ки ҳудуди як моҳ ба ин тараф нархи фурӯши дигар навъ сӯзишворӣ бетағйир аст.Зимнан бензини АИ 92 – 7,8 сомонӣ, АИ 95 – 8,2 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 11, 8 сомонӣ дар фурушанд.Маводи сӯхт ба Тоҷикистон аз хориҷа асосан аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.
https://sputnik.tj/20230106/gaz-arzon-benzin-garon-taghyiri-qimat-sukht-tojikiston-1054016087.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102226/78/1022267892_134:0:2278:1608_1920x0_80_0_0_77edb10f37938783bc93252cbd98d454.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сӯзишворӣ, арзон, роҳкиро, гарон, қимат, вазири нақлиёт
тоҷикистон, сӯзишворӣ, арзон, роҳкиро, гарон, қимат, вазири нақлиёт
Чаро сӯзишворӣ арзон мешаваду роҳкиро не: Шарҳи вазир
Вазири нақлиёти Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро арзиши сӯзишворӣ дар кишвар коҳиш меёбад, аммо нархи роҳкиро ҳамоно баланд боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим сабаби бетағйир мондани арзиши роҳкирои нақлиёти ҷамъиятиро дар ҳоле, ки дар моҳҳои охир нархи сӯзишворӣ поин рафт, шарҳ дод.
Вазири тоҷик изҳор дошт, ки айни замон арзиши сӯзишворӣ қариб дар як сатҳ бо баҳори соли 2021 қарор дорад, замоне, ки бори охир нархи роҳкиро тавасути нақлиёти мусофиркаш пас аз мувофиқаи онҳо бо Хадамоти зиддиинҳисории кишвар муқаррар шуда буд.
Ба гуфтаи вай, агар ҳатто нархи сӯзишворӣ ва арзиши роҳкиро дар нақлиёт каме фарқ дошта бошанд ҳам, дар ин давра хидматрасонӣ ва дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани воситаи нақлиёт, аз ҷумла нархҳо ба қисмҳои эҳтиётӣ ва ғайра боло рафт.
Вазир илова намуд, ки айни замон фоидаи кормандони нақлиёти мусофирбар 10-15 дарсадро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо қимати гази моеъ, яке аз умдатарин маводи сӯхт дар навоҳии Тоҷикистон дар муқоиса ба рӯзҳои қаблӣ то 40 – 50 дирам поён шудааст.
Дар нуқтаҳои фуруши сӯзишворӣ нархномаҳо тағйир ёфтанд. Бино ба нишондодҳои нав арзиши гази моеъ то 3,4 - 3,3 сомонӣ поён бурда шудааст.
Аммо бино ба иттилоъи дарёфтӣ ҳоло арзиши роҳкиро барои микроавтобусҳо дар дохили Хуҷанд 2,5 сомонӣ ва қимати мусофирбарҳои фармоишӣ (таксӣ) 11 – сомонӣ аст.
Дар ҳоле нархи гази моеъ поин меравад, ки ҳудуди як моҳ ба ин тараф нархи фурӯши дигар навъ сӯзишворӣ бетағйир аст.
Зимнан бензини АИ 92 – 7,8 сомонӣ, АИ 95 – 8,2 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 11, 8 сомонӣ дар фурушанд.
Маводи сӯхт ба Тоҷикистон аз хориҷа асосан аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.