https://sputnik.tj/20230106/gaz-arzon-benzin-garon-taghyiri-qimat-sukht-tojikiston-1054016087.html
Газ арзону бензин гарон: Тағйири қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон дар cоли нав
Газ арзону бензин гарон: Тағйири қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон дар cоли нав
Sputnik Тоҷикистон
Нархи маводи сӯхт дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон баъд аз таҷлил Соли нави милодӣ ва рӯзҳои истироҳат тағйир ёфтааст
2023-01-06T09:32+0500
2023-01-06T09:32+0500
2023-01-06T09:32+0500
дар тоҷикистон
сӯзишворӣ
бензин
газ
арзон
суғд
сӯзишворӣ
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1c/1040485353_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_2cabe493ca2e1c9017a8b5ed1fbbdc12.jpg
ДУШАНБЕ, 6 янв – Sputnik. Тавре мушоҳида мешавад, ду рӯз ба ин тараф нархи маводи сӯхт аз ҷумла бензин дар аксар фурӯшгоҳҳо боло рафтааст. Зимнан ин нахустин мавриди таконхурии нарх дар соли 2023 арзёбӣ мешавад.Бино ба нархномае, ки ширкатҳои чаканафурӯшии маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии Суғд насб намудаанд, ҳоло арзиши бензини навъи АИ 95 – 8,2 сомонӣ, АИ 92 – 7,8 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ ба 11,6 сомонӣ баробар шудааст.Қимати чунин навъ сӯзишвориро дар шаҳру навоҳии Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Бадахшон аз ин ҳам балантар арзёбӣ мекунанд.Чунин нархнома назар ба охирҳои соли 2022, аз 20 то 30 дирам баланд рақам зада мешавад.Иброҳим Усмонов, роҳбарони яке ширкатҳои чаканафурӯшии маводи сӯхт (АЗС) дар шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби тағйирёбии нархи маводи сӯхтро шарҳ дод.Дар ҳамин ҳол қимати гази моеъ то 4,9 сомонӣ поён шудааст. Ин навъ маводи сӯзишворӣ то чанд рӯзи пеш дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 5,1 – 5,2 сомонӣ фурухта мешуд.Тоҷикистон маводи сӯзишвории нақлиётиро асосан аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид мекунад. Ширкатҳои “Газойл”, “Суғднефт”, “Ориё”, “Роҳи сомон”, “Се ганҷ” ва боз чанд ширкати дигар барои ворид намудани маводи сӯхт муҷаввиз доранд.
https://sputnik.tj/20210316/Gusev-Tojikiston-kambudi-benzin-1033006911.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1c/1040485353_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_685718bc7667793a12092086734dbd36.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, нарх, бензин, газ, тағйир, маводи сӯхт, соли нав, фурғш
тоҷикистон, суғд, нарх, бензин, газ, тағйир, маводи сӯхт, соли нав, фурғш
Газ арзону бензин гарон: Тағйири қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон дар cоли нав
Эксклюзив
Нархи маводи сӯхт дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон баъд аз таҷлили Соли нави милодӣ ва рӯзҳои истироҳат тағйир ёфтааст
ДУШАНБЕ, 6 янв – Sputnik. Тавре мушоҳида мешавад, ду рӯз ба ин тараф нархи маводи сӯхт аз ҷумла бензин дар аксар фурӯшгоҳҳо боло рафтааст. Зимнан ин нахустин мавриди таконхурии нарх дар соли 2023 арзёбӣ мешавад.
Бино ба нархномае, ки ширкатҳои чаканафурӯшии маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии Суғд насб намудаанд, ҳоло арзиши бензини навъи АИ 95 – 8,2 сомонӣ, АИ 92 – 7,8 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ ба 11,6 сомонӣ баробар шудааст.
Қимати чунин навъ сӯзишвориро дар шаҳру навоҳии Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Бадахшон аз ин ҳам балантар арзёбӣ мекунанд.
Чунин нархнома назар ба охирҳои соли 2022, аз 20 то 30 дирам баланд рақам зада мешавад.
Иброҳим Усмонов, роҳбарони яке ширкатҳои чаканафурӯшии маводи сӯхт (АЗС) дар шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби тағйирёбии нархи маводи сӯхтро шарҳ дод.
“Рӯзҳои охир воридоти бензин камтар шудааст. Ҳоло баъзе аз таъмингоҳҳои сӯзишвории нақлиёт ба мушкили камбуди он дучор шудаанд. Вақте, ки мол ба бозор камтар ворид шавад, ба таври табиӣ нархи он тағйир меёбад”,- гуфт, ӯ.
Дар ҳамин ҳол қимати гази моеъ то 4,9 сомонӣ поён шудааст. Ин навъ маводи сӯзишворӣ то чанд рӯзи пеш дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 5,1 – 5,2 сомонӣ фурухта мешуд.
Тоҷикистон маводи сӯзишвории нақлиётиро асосан аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид мекунад. Ширкатҳои “Газойл”, “Суғднефт”, “Ориё”, “Роҳи сомон”, “Се ганҷ” ва боз чанд ширкати дигар барои ворид намудани маводи сӯхт муҷаввиз доранд.