Сабти 14 ҳодисаи нохуш ва ҷон бохтани 7 нафар дар кори сохтмонҳои Хатлон

© Foto / Пресс-служба города ИсфараСтроитель строит новый дом взамен разрушенного в результате конфликта на таджикско-кыргызской границе
Строитель строит новый дом взамен разрушенного в результате конфликта на таджикско-кыргызской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2023
Обуна шудан
Мақомоти Хатлон ахиран эълон кардааст, ки дар соли 2022 дар кори сохтмонҳо 7 нафар ҷон бохта, 10 нафари дигар захмӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 14 ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ба қайд гирифта шудаанд,иттилоъ додааст сомонаи “Фараж” дар истинод ба Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар вилоят 7 нафар ҷон дода, 10 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Ҳамзамон Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Қубодиён, Фархор, Данғара ва шаҳри Кӯлоб рӯх додааст.
Цех на предприятия и ООО «Вахдат Текстиль»  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2023
Бунёди 522 корхонаи саноатӣ дар зарфи 22 сол дар Хатлон
“Аз тарафи корфармоён ба оилаҳои афроди фавтида ва маҷруҳшуда аз 242 ҳазор сомонӣ боло кумак ва ё ҷуброн дода шудааст”, – қайд кардааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки ахиран мақомоти Хатлон хабар дод, ки дар вилоят дар доираи истиқбол аз ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 8,6 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ гардидаанд.
Тибқи дурнамо, то соли 2026 дар вилояти Хатлон бунёди беш аз 6 ҳазору 200 иншооти истеҳсолию маишӣ, таълимию тиббӣ, фарҳангию варзишӣ, таъмиру азнавсозии роҳу пулҳо дар назар дошта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0