https://sputnik.tj/20230131/tojikiston-sarmoyaguzori-bakhsh-istikhroji-naft-gaz-1054592586.html
Тоҷикистон мехоҳад сармоягузории бештар ба бахши истихроҷи нафту газ ҷалб кунад
Тоҷикистон мехоҳад сармоягузории бештар ба бахши истихроҷи нафту газ ҷалб кунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз музокирот бо шарикон оид ба корҳои иктишофӣ дар конҳои нафту гази Тоҷикистон хабар дод
2023-01-31T10:45+0500
2023-01-31T10:45+0500
2023-01-31T10:45+0500
дар тоҷикистон
нафт
газ
иқтисод
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/12/1046905941_0:242:2783:1807_1920x0_80_0_0_711b14a966db66346924f34f5ff75f73.jpg
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки истихроҷи нафту газро рушд диҳад ва бо ин мақсад бо шариконаш гуфтушунид дорад, гуфт вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа.Ҷумҳурӣ ният дорад, ки истеҳсоли маҳсулоти нефтро рушд диҳад, зеро сарфи назар аз афзоиши солонаи истеҳсол ва истихроҷи нефту газ дар кишвар ин ҳаҷм ҳанӯз кам аст. Далер Ҷумъа зикр кард, ки вазорат дар якҷоягӣ бо ширкатҳои дар ин бозор фаъолиятдошта корҳои иктишофиро идома медиҳад. "Ба шарофати ин лоиҳаҳо мо метавонем амнияти энергетикии кишварро таъмин кунем", - гуфт ӯ. Раҳбари Вазорати энергетика таъкид кард, ки Русия яке аз таъминкунандагони аслии маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон боқӣ мемонад ва механизми интиқоли он миёни кишварҳо таҳия шудааст, ки ба таври дақиқ амалӣ мешавад. "Тавозуни навбатии индикативӣ барои соли 2023 ба наздикӣ мувофиқа карда шуд, мо афзоиши назарраси истифодаи маҳсулоти нафту газро мебинем", - гуфт ӯ. Илова бар ин, вазир аз масъалаи интиқоли нафту газ аз Эрон ёдовар шуд, ки дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон дар Теҳрон баррасӣ шуд.
https://sputnik.tj/20230130/anjom-sokhtmon-roghun-konsorqium-tasis-1054579029.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/12/1046905941_25:0:2756:2048_1920x0_80_0_0_421be8c09dd06ea36b24e59afac789f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон сармоягузорӣ истихроҷ нафт газ
тоҷикистон сармоягузорӣ истихроҷ нафт газ
Тоҷикистон мехоҳад сармоягузории бештар ба бахши истихроҷи нафту газ ҷалб кунад
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз музокирот бо шарикон оид ба корҳои иктишофӣ дар конҳои нафту гази Тоҷикистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки истихроҷи нафту газро рушд диҳад ва бо ин мақсад бо шариконаш гуфтушунид дорад, гуфт вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа.
Ҷумҳурӣ ният дорад, ки истеҳсоли маҳсулоти нефтро рушд диҳад, зеро сарфи назар аз афзоиши солонаи истеҳсол ва истихроҷи нефту газ дар кишвар ин ҳаҷм ҳанӯз кам аст.
"Мо ҳамзамон барои истихроҷ ва истеҳсоли нафту газ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ ҷалб карда истодаем ва дар ин бора бо шарикон музокира дорем", - гуфт вазири энергетика.
Далер Ҷумъа зикр кард, ки вазорат дар якҷоягӣ бо ширкатҳои дар ин бозор фаъолиятдошта корҳои иктишофиро идома медиҳад.
"Ба шарофати ин лоиҳаҳо мо метавонем амнияти энергетикии кишварро таъмин кунем", - гуфт ӯ.
Раҳбари Вазорати энергетика таъкид кард, ки Русия яке аз таъминкунандагони аслии маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон боқӣ мемонад ва механизми интиқоли он миёни кишварҳо таҳия шудааст, ки ба таври дақиқ амалӣ мешавад.
"Тавозуни навбатии индикативӣ барои соли 2023 ба наздикӣ мувофиқа карда шуд, мо афзоиши назарраси истифодаи маҳсулоти нафту газро мебинем", - гуфт ӯ.
Илова бар ин, вазир аз масъалаи интиқоли нафту газ аз Эрон ёдовар шуд, ки дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон дар Теҳрон баррасӣ шуд.