https://sputnik.tj/20230131/tehron-munosibat-kievro-tavajjuh-izhorot-isfahon-digar-1054593886.html
Имкон аст Теҳрон муносибат бо Киевро бо таваҷҷуҳ ба изҳорот дар бораи Исфаҳон дигар кунад
Имкон аст Теҳрон муносибат бо Киевро бо таваҷҷуҳ ба изҳорот дар бораи Исфаҳон дигар кунад
Sputnik Тоҷикистон
Дар ВАО иттилое пайдо шуд, ки Эрон метавонад муносибаташро ба Украина пас аз изҳороти мақомоти Киев дар бораи ҳамла ба иншооти низомӣ дар Исфаҳон тағйир диҳад 31.01.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-01-31T12:32+0500
2023-01-31T12:32+0500
2023-01-31T12:32+0500
эрон
украина
сиёсат
муносибот
изҳорот
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102615/70/1026157002_0:96:3303:1954_1920x0_80_0_0_65e6debd7ddf766b8f40c5addc35a8d1.jpg
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Эрон метавонад мавқеъашро дар мавриди муноқиша дар Украина тағйир диҳад, хабар медиҳад Nour News бо такя ба як мақоми эронӣ, ки номаш ошкор нашудааст.Сабаби ин изҳороти мушовири раиси дафтари Владимир Зеленский Михаил Подоляк дар бораи даст доштани Киев дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба як иншооти низомии Исфаҳони Эрон гуфта мешавад. Подоляк дар Твиттери худ навишт - "Украина шуморо ҳушдор дод" ва ба ин васила маълум кард, ки ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ба муассисаи Вазорати дифоъ дар Исфаҳон ва таркиш дар корхонаи Озаршаҳр ба ҳаводиси Украина ва эҳтимоли кумаки Эрон ба Русия рабт дошта бошад."Агар изҳороти душманонаи ... Подоляк алайҳи Эрон аз ҷониби мақомоти ин кишвар тағир наёбад, ин метавонад боиси вокунишҳои мухталифи Эрон гардад", - гуфт мансабдор бо ишора ба ишораҳои пайваста аз Теҳрон дар бораи зарурати хотима додан ба муноқишаи Украина ва аҳамияти муколама.Ба андешаи ӯ, таъкиди Украина ба таҳдид ба амнияти миллии Эрон метавонад заминаи ҷиддӣ барои омӯзиши тағйири мавзеъгирии Эрон дар робита ба ҳаводиси Украина шавад.Албатта, сухан дар бораи "қабули равиши наве, ки ба рафтори ҳукумати Киев мувофиқ аст" низ меравад. Ин мақоми эронӣ ҳамчунин афзуд, бо вуҷуди он ки Киев борҳо Теҳронро ба таъмини силоҳ ба Федератсияи Русия муттаҳам кардааст, ҳеҷ далелеро ироа накардааст. ВАО: ИМА ният доштанд барои зарба задан ба Эрон аз қаламрави Тоҷикистон истифода кунандЁдовар мешавем, ки шаби 29 январ дар Исфаҳон таркиши шадиде ба амал омад. Вазорати дифои ин кишвар аз талоши бемуваффақияти ҳамла ба яке аз иншооти низомии он бо силоҳ бо истифода аз бесарнишин бо маводи тарканда хабар дод. Ҳамин тавр, яке аз ҳавопаймоҳои бесарнишин зада шуд, дуи дигар пас аз афтодан ба доми дифоъ таркид ва худи ҳамон шаб дар як корхонаи равғани мотор дар шимолу ғарби кишвар таркиши дигар ва сӯхтор ба амал омад.
https://sputnik.tj/20230129/hamla-besarnishinho-anbor-nizomi-eron-1054557375.html
эрон
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102615/70/1026157002_286:0:3017:2048_1920x0_80_0_0_7d9a03dea78da44980e494ff51895202.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, украина, сиёсат , муносибот, изҳорот, дар ҷаҳон
эрон, украина, сиёсат , муносибот, изҳорот, дар ҷаҳон
Имкон аст Теҳрон муносибат бо Киевро бо таваҷҷуҳ ба изҳорот дар бораи Исфаҳон дигар кунад
Дар ВАО иттилое пайдо шуд, ки Эрон метавонад муносибаташро ба Украина пас аз изҳороти мақомоти Киев дар бораи ҳамла ба иншооти низомӣ дар Исфаҳон тағйир диҳад
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Эрон метавонад мавқеъашро дар мавриди муноқиша дар Украина тағйир диҳад, хабар медиҳад Nour News бо такя ба як мақоми эронӣ, ки номаш ошкор нашудааст.
Сабаби ин изҳороти мушовири раиси дафтари Владимир Зеленский Михаил Подоляк дар бораи даст доштани Киев дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба як иншооти низомии Исфаҳони Эрон гуфта мешавад.
Подоляк дар Твиттери худ навишт - "Украина шуморо ҳушдор дод" ва ба ин васила маълум кард, ки ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ба муассисаи Вазорати дифоъ дар Исфаҳон ва таркиш дар корхонаи Озаршаҳр ба ҳаводиси Украина ва эҳтимоли кумаки Эрон ба Русия рабт дошта бошад.
"Агар изҳороти душманонаи ... Подоляк алайҳи Эрон аз ҷониби мақомоти ин кишвар тағир наёбад, ин метавонад боиси вокунишҳои мухталифи Эрон гардад", - гуфт мансабдор бо ишора ба ишораҳои пайваста аз Теҳрон дар бораи зарурати хотима додан ба муноқишаи Украина ва аҳамияти муколама.
Ба андешаи ӯ, таъкиди Украина ба таҳдид ба амнияти миллии Эрон метавонад заминаи ҷиддӣ барои омӯзиши тағйири мавзеъгирии Эрон дар робита ба ҳаводиси Украина шавад.
Албатта, сухан дар бораи "қабули равиши наве, ки ба рафтори ҳукумати Киев мувофиқ аст" низ меравад.
Ин мақоми эронӣ ҳамчунин афзуд, бо вуҷуди он ки Киев борҳо Теҳронро ба таъмини силоҳ ба Федератсияи Русия муттаҳам кардааст, ҳеҷ далелеро ироа накардааст.
Ёдовар мешавем, ки шаби 29 январ дар Исфаҳон таркиши шадиде ба амал омад. Вазорати дифои ин кишвар аз талоши бемуваффақияти ҳамла ба яке аз иншооти низомии он бо силоҳ бо истифода аз бесарнишин бо маводи тарканда хабар дод.
Ҳамин тавр, яке аз ҳавопаймоҳои бесарнишин зада шуд, дуи дигар пас аз афтодан ба доми дифоъ таркид ва худи ҳамон шаб дар як корхонаи равғани мотор дар шимолу ғарби кишвар таркиши дигар ва сӯхтор ба амал омад.