https://sputnik.tj/20230129/hamla-besarnishinho-anbor-nizomi-eron-1054557375.html
Ҳамлаи бесарнишинҳо ба иншооти низомӣ дар Эрон: Шарҳи Вазорати дифоъ
Ҳамлаи бесарнишинҳо ба иншооти низомӣ дар Эрон: Шарҳи Вазорати дифоъ
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Эрон бо нашри як изҳорот ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба иншооти низомӣ дар қаламрави ин кишварро таъйид ва тавзеҳ додааст
2023-01-29T12:30+0500
2023-01-29T12:30+0500
2023-01-29T12:30+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
эрон
ҳамлагарон
ҳавопаймои бесарнишин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/19/1050943104_0:125:1201:800_1920x0_80_0_0_ea3589b24a5ef8cccf56dfd3193b737a.jpg
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Ҳамлаи як ҳавопаймои бесарнишин ба маҷмааи саноатии дифоӣ дар устони Исфаҳони Эрон ноком шуд, иттилоъ дод Вазорати дифои ҷумҳурии исломӣ. Дар изҳороте, ки субҳи 29 январ нашр шуд, вазорати дифои Эрон гуфт, яке аз се ҳавопаймои бидуни сарнишин ба маҷмааи тавлиди таҷҳизоти дифоӣ дар Исфаҳон аз ҷониби низоми мудофиавии мустақар дар дохили ин муассиса сарнагун карда шуд. Мақомоти дифоии Эрон таъкид кардаанд, ки дуи дигар пас аз афтодан дар домҳои системаи дифоъ мунфаҷир шудаанд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҳамлаи шабонаи бесарнишинҳо, ки шаби 28 ба 29 январ роҳандозӣ гардид, ба далели омодагии системаи дифоии мустақар дар минтақа ноком шуд.Мақомоти дифоии Эрон мегӯянд, ҳамла талафоти ҷонӣ надошт ва танҳо дар боми иншооти хисороти ночизе ба бор овардааст. "Ба шарофати баракати Худо, ҳамла ба таҷҳизот ва фаъолияти маҷмаа халал нарасонд", гуфта мешавад дар изҳороти вазорат. Ин дар ҳолест, ки расонаҳо аз ҳамла ба чанд шаҳри Эрон ва инфиҷор асосан дар муассисаҳои бахши дифоӣ хабар медиҳанд, аммо расман мақомоти дифоӣ танҳо ҳодисаи Исфаҳонро таъйиду тавзеҳ додаанд. Васоити ахбори оммаи минтақа бо такя ба "Al Arabiya" аз даст доштани Исроил дар ин ҳамла хабар додаанд, ки гӯиё қасди нобудсозии корхонаи тавлиди бесарнишинҳои шаҳри Табрез ва анбори Исфаҳону Маллард доштааст. Расман ҷониби Исроил ин иттилоъро шарҳ надодааст.
https://sputnik.tj/20221220/vokunish-eron-ittihom-intiqol-besarnishin-rusiya-1053641377.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/19/1050943104_66:0:1133:800_1920x0_80_0_0_a1dfc3eddd1a4c6d5b1382c27db1d409.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарҳ, вазорати дифоъ, эрон, ҳамла, бесарнишинҳо
шарҳ, вазорати дифоъ, эрон, ҳамла, бесарнишинҳо
Ҳамлаи бесарнишинҳо ба иншооти низомӣ дар Эрон: Шарҳи Вазорати дифоъ
Вазорати дифои Эрон бо нашри як изҳорот ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба иншооти низомӣ дар қаламрави ин кишварро таъйид ва тавзеҳ додааст
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Ҳамлаи як ҳавопаймои бесарнишин ба маҷмааи саноатии дифоӣ дар устони Исфаҳони Эрон ноком шуд, иттилоъ дод Вазорати дифои ҷумҳурии исломӣ.
Дар изҳороте, ки субҳи 29 январ нашр шуд, вазорати дифои Эрон гуфт, яке аз се ҳавопаймои бидуни сарнишин ба маҷмааи тавлиди таҷҳизоти дифоӣ дар Исфаҳон аз ҷониби низоми мудофиавии мустақар дар дохили ин муассиса сарнагун карда шуд.
Мақомоти дифоии Эрон таъкид кардаанд, ки дуи дигар пас аз афтодан дар домҳои системаи дифоъ мунфаҷир шудаанд.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҳамлаи шабонаи бесарнишинҳо, ки шаби 28 ба 29 январ роҳандозӣ гардид, ба далели омодагии системаи дифоии мустақар дар минтақа ноком шуд.
Мақомоти дифоии Эрон мегӯянд, ҳамла талафоти ҷонӣ надошт ва танҳо дар боми иншооти хисороти ночизе ба бор овардааст.
"Ба шарофати баракати Худо, ҳамла ба таҷҳизот ва фаъолияти маҷмаа халал нарасонд", гуфта мешавад дар изҳороти вазорат.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳо аз ҳамла ба чанд шаҳри Эрон ва инфиҷор асосан дар муассисаҳои бахши дифоӣ хабар медиҳанд, аммо расман мақомоти дифоӣ танҳо ҳодисаи Исфаҳонро таъйиду тавзеҳ додаанд.
Васоити ахбори оммаи минтақа бо такя ба "Al Arabiya" аз даст доштани Исроил дар ин ҳамла хабар додаанд, ки гӯиё қасди нобудсозии корхонаи тавлиди бесарнишинҳои шаҳри Табрез ва анбори Исфаҳону Маллард доштааст. Расман ҷониби Исроил ин иттилоъро шарҳ надодааст.