Ҳалокати ноболиғи тоҷик бар асари бемории сурхча дар вилояти Ленинград

© Sputnik Посольство Республики Таджикистан в РФ
Посольство Республики Таджикистан в РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2023
Обуна шудан
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ахиран дар бораи вафоти як нафар ноболиғи тоҷик дар вилояти Ленингради Русия маълумоти бештар дод
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар бораи ҳалокати як ноболиғи тоҷик бар асари бемории сурхча хабар дод.
“Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз фавти шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон дар вилояти Ленингради Русия, ки 25 январи соли равон бар асари бемории сурхча даргузашт, дар ҷараён буда, ҳамдардиашро ба наздикони фавтида изҳор менамояд”, - хабар додааст сафорат.
Инчунин сафорат қайд кардааст, ки бо мусоидати Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва ҷамъияти тоҷикон ҷасади шаҳрванди фавтида ба Ватан интиқол дода шуд.
Ҳамзамон зикр гардидааст, ки қазияи болозикр таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург қарор дорад.
Посольство Республики Таджикистан в РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2023
Сафорат: Ҷасади ҷавони тоҷике, ки дар садамае дар Саратов кушта шуд, ба Ватан интиқол ёфт
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сафорати Тоҷикистон дар Русия дар бораи кушта шудани як ҷавони тоҷик дар вилояти Саратови Русия бар асари садамаи мудҳиш хабар дод.
Сафорат хабар додааст, ки ҷасади ҷавони тоҷик тариқи шаҳри Маскав бо ҳавопаймо ба Душанбе интиқол дода шуд.
Ҳамзамон сафорат қайд кардааст, ки дар ин садамаи мудҳиш ҳамчунин як нафар ҷавони тоҷик ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст.
Лентаи хабарҳо
0