Гармиҳо ва борону тармарезӣ: Моҳи феврал дар Тоҷикистон чӣ гуна оғоз хоҳад шуд?

Улица в городе Душанбе зимой
Улица в городе Душанбе зимой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2023
Обуна шудан
Моҳи феврал дар Тоҷикистон бо гармиҳо оғоз шуда, аммо дар пай фаромадани тарма ва боришоти боронҳоро дар пай дорад. Сардиҳо танҳо дар куҳҳо мемонад
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Аз 31 январ то 2 феврал дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сар задани зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар ВМКБ ҳавои абрнок дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо бориши борон ва барф ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13 ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят хунукии ҳаво шабона 29-34 дараҷа ва рӯзона 13-18 дараҷа пешгўӣ мегардад.
Вилояти Суғдро бошад, ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм пешгўӣ шудааст.
Мальчик зимой в шапке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2023
Гармиҳо кай ба Тоҷикистон меояд? Шарҳи коршинос
Хатлониёнро низ ҳавои бебориш, аммо сокинони баъзе навоҳии минтақаро борону барф ба тормеғ интизор аст.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мегардад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Душанберо бошад, ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал меояд. Ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм, рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0