Чин марзи заминияшро барои нақлиёти Тоҷикистон боз кард

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкСнег на перевале
Снег на  перевале - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2023
Обуна шудан
Чин маҳдудиятҳои убури мошинҳо аз Тоҷикистонро ба қаламраваш, ки тайи се сол - аз замони пандемияи коронавирус идома дошт, лағв кард
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Мошинҳои боркаш аз Тоҷикистон пас аз танаффуси сесола барои нахустин бор аз марз бо Чин убур карданд, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.
Чин бори аввал дар се соли ахир сарҳади заминиро барои вуруд боз кард.
Қаблан ҳама гузаргоҳҳо бинобар пандемияи коронавирус баста шуда буданд. Аз соли 2020 ба мошинҳои боркаши Тоҷикистон иҷозаи вуруд ба қаламрави кишвари ҳамсоя манъ буд.
Дар давраи мамнуияти сафар колоҳои ҷониби Чин тавассути мошинҳои чинӣ ба марз интиқол ёфта, сипас дубора ба мошинҳои Тоҷикистон бор карда мешуданд.
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2023
Чин маҳдудиятҳои вуруд ба кишварро барои шаҳрвандони Тоҷикистон лағв кард
Аз ин қоида ҳар ду тараф зарари иловагии молиявӣ диданд ва муҳлати фиристодани мол низ чанд рӯз зиёд шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамлу нақли бор миёни Тоҷикистону Чин тавассути гузаргоҳи Қулма-Қароқурум сурат мегирад.
Дар умум Чин маҳдудиятҳои сафар ба қаламравашро аз 8 январи соли равон лағв карда буд.
Аммо ҳоло низ барои сафар ба он кишвар аз шаҳрвандони хориҷӣ санҷиши COVID-19, ки 48 соат пеш аз сафар гирифта мешавад, аз ҷониби мақомоти Чин талаб мегардад, вале карантин намешаванд.
Лентаи хабарҳо
0