Чин маҳдудиятҳои вуруд ба кишварро барои шаҳрвандони Тоҷикистон лағв кард

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЗдание МИД РТ в Душанбе, архивное фото
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2023
Обуна шудан
Шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба Чин бояд мисли пештара раводид гиранд ё дар дар Сарраёсати консулии Вазорат дар шиносномаи худ муҳр гузоранд
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Чин маҳдудиятҳои асосии вуруд ба кишварро, ки дар доираи мубориза бо коронавирус ҷорӣ шуда буданд, лағв намуд, иттилоъ додааст Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии шаҳрвандони кишвар мисли пештара пеш аз сафар ба Чин, бояд тибқи талабот раводид гиранд ва инчунин метавонанд дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ бораи иҷозаи вуруд ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шиносномаи худ муҳр гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки аз 8 январи соли равон Чин маҳдудиятҳои асосии вуруд ба кишварро, ки дар доираи мубориза бо коронавирус ҷорӣ шуда буданд, лағв кард.
Генеральный секретарь НАТО Йенс Столтенберг  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2023
Дабири кулли НАТО дар шарикии Русияву Чин таҳдидҳо мебинад
Аз шаҳрвандони хориҷӣ то ҳол санҷиши COVID-19, ки 48 соат пеш аз сафар гирифта шудааст, талаб карда мешавад, аммо онҳо дигар ҳангоми вуруд ба Чин ба карантин фаро гирифта намешаванд.
Чин дар арафаи Соли нав, ки аз рӯи солшумории қамарӣ ба 22 январ рост меояд, маҳдудиятҳои сафарро лағв мекунад..
Бояд гуфт, ки Соли нави чинӣ муҳимтарин ҷашн дар Чин буда, санаи таҷлили он аз рӯи солшумории қамарӣ муайян карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0