Афзоиши даромади ширкатҳои соҳаи алоқа дар Тоҷикистон: Чанд млрд шуд?

© Фото : Джахонгир ИркаевВ Душанбе состоялся первый в истории страны Хакатон
В Душанбе состоялся первый в истории страны Хакатон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2023
Обуна шудан
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон даромади ширкатҳои фаъол дар соҳаро тайи як соли гузашта ҳисоб карда, муайян намудааст, ки он дар қиёс бо соли гузашта афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Даромади умумии корхонаҳои соҳаи алоқа дар Тоҷикистон 3,6 млрд сомониро ташкил дод, ҳисоб кардаст Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ.
Ин нишондод дар қиёс бо даромад дар соли қаблӣ бештар мебошад. Даромади корхонаҳои соҳаи алоқаи Тоҷикистон дар соли 2021 ҳудуди 3,1 млрд сомонӣ арзёбӣ шуда буд.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон эълон кард, ки тайи соли 2022 ширкатҳои соҳа ба аҳолӣ дар ҳаҷми 2,9 млрд сомонӣ хизматрасонӣ кардаанд.
Дар мавриди шумораи истифодабарандагони интернет таъкид шуд, ки бо назардошти интернети мобилӣ ва собит теъдодашон ба 4,5 млн нафар баробар гардид. Ин нишондод як соли қабл ба 4,2 млн нафар баробар буд.
Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур дар ҷаласаи васеи ҳукумат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Бег Сабур ба президент гуфт, чӣ гуна суръати интернетро баланду нархашро паст мекунад
Ба гузориши Хадамоти алоқаи кишвар, шумораи умумии муштариёни соҳаи алоқа ба 8,3 млн баробар аст, ки аз ин 6,4 млн ададашон фаъоланд.
Теъдоди ширкатҳое, ки иҷозатномаи хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи мобилиро доранд, 96 адад гуфта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ахиран аз сифати интернету алоқа ва нархи он изҳори норозигӣ карда буд. Ӯ дар ҷаласаи васеи ҳукумат супориш дод, ки нархи интернету алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ поину сифаташон боло бурда шавад.
Хадамоти алоқа барои коҳиши арзиши алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар вазифадор гардид.
Лентаи хабарҳо
0