https://sputnik.tj/20230130/tojikiston-idora-barq-khoriji-hukumat-1054572670.html
Тоҷикистон идораи тақсимоти барқро ба хориҷиҳо дод: ҳукумат чӣ мехоҳад?
Тоҷикистон идораи тақсимоти барқро ба хориҷиҳо дод: ҳукумат чӣ мехоҳад?
Sputnik Тоҷикистон
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ҳукумати ҷумҳурӣ аз додани зимоми идораи тақсими барқ ба хориҷиҳо чӣ интизориҳо дорад
2023-01-30T18:20+0500
2023-01-30T18:20+0500
2023-01-30T18:20+0500
энергетика
дар тоҷикистон
идора
тақсим
барқ
хориҷӣ
далер ҷумъа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/02/1048133005_0:57:2214:1302_1920x0_80_0_0_9b625f5af1a579371621011d5871dbce.jpg
ДУШАНБЕ, 30 янв – Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки мудирияти шабакаи тақсимоти барқи ҷумҳуриро ба дасти хориҷиҳо диҳад. Дар ин бора вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ баён дошт. Ӯ тавзеҳ дод, ки ин кор дар доираи ислоҳоти низоми энергетикии кишвар анҷом шудааст, ки тибқи он "Барқи тоҷик" ба се қисм -истеҳсолу интиқолу тақсимот ҷудо гардид. Вай мудирияти дурустро махсусан дар бахши тақсимот муҳим хонда, афзуд, ки дар 5 соли оянда идораи ин бахш ба ду ширкати хориҷӣ вогузор шудааст. Ба гуфтаи вазир, маҳз дар бахши тақсимот талафот нисбатан зиёд мебошаду ҳадаф роҳандозии мудирияти дуруст дар соҳа ва кам кардани талафот мебошад. Инчунин пеши мудирони хориҷии шабакаҳои тақсимоти барқи Тоҷикистон вазифа гузошта шудаанд, ки васл намудани ҳисобкунанкҳои муосирро тезонанду низоми ягонаи билингӣ дар тамоми ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардад. ва дигар чораҳо мебошад, ки қисман Вазир ҷой доштани фасоду омили инсониро иқрор карда, илова намуд, ки аз роҳбарияти ҷадиди бахш коҳиши назарраси ин омилҳо ва аз байн бурдани онҳоро интизоранд. Маврид ба зикр аст, ки соли 2022 истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон наздики 21,5 млрд кВт соатро ташкил додаст, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар кишвар маҳсуб меёбад. Аммо бо вуҷуд маҳдудияти интиқоли барқ дар кишвар аз байн бурда нашудааст.
https://sputnik.tj/20230130/takhir-payvastshavii-komili-tojikiston-nizomi-yagona-1054568063.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/02/1048133005_0:0:2140:1605_1920x0_80_0_0_f104639add147f61e591f5f5f07c8238.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳукумат, тоҷикистон, барқ, хориҷӣ, тақсимот
ҳукумат, тоҷикистон, барқ, хориҷӣ, тақсимот
Тоҷикистон идораи тақсимоти барқро ба хориҷиҳо дод: ҳукумат чӣ мехоҳад?
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ҳукумати ҷумҳурӣ аз додани зимоми идораи тақсими барқ ба хориҷиҳо чӣ интизориҳо дорад
ДУШАНБЕ, 30 янв – Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки мудирияти шабакаи тақсимоти барқи ҷумҳуриро ба дасти хориҷиҳо диҳад.
Дар ин бора вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Ӯ тавзеҳ дод, ки ин кор дар доираи ислоҳоти низоми энергетикии кишвар анҷом шудааст, ки тибқи он "Барқи тоҷик" ба се қисм -истеҳсолу интиқолу тақсимот ҷудо гардид.
Вай мудирияти дурустро махсусан дар бахши тақсимот муҳим хонда, афзуд, ки дар 5 соли оянда идораи ин бахш ба ду ширкати хориҷӣ вогузор шудааст.
Ба гуфтаи вазир, маҳз дар бахши тақсимот талафот нисбатан зиёд мебошаду ҳадаф роҳандозии мудирияти дуруст дар соҳа ва кам кардани талафот мебошад.
Инчунин пеши мудирони хориҷии шабакаҳои тақсимоти барқи Тоҷикистон вазифа гузошта шудаанд, ки васл намудани ҳисобкунанкҳои муосирро тезонанду низоми ягонаи билингӣ дар тамоми ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардад. ва дигар чораҳо мебошад, ки қисман
Вазир ҷой доштани фасоду омили инсониро иқрор карда, илова намуд, ки аз роҳбарияти ҷадиди бахш коҳиши назарраси ин омилҳо ва аз байн бурдани онҳоро интизоранд.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2022 истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон наздики 21,5 млрд кВт соатро ташкил додаст, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар кишвар маҳсуб меёбад. Аммо бо вуҷуд маҳдудияти интиқоли барқ дар кишвар аз байн бурда нашудааст.