https://sputnik.tj/20230130/takhir-payvastshavii-komili-tojikiston-nizomi-yagona-1054568063.html
Таъхири пайвастшавии комили Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ
Таъхири пайвастшавии комили Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ
Sputnik Тоҷикистон
Замони пайвастшавии комили шабакаҳои барқи Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, ки қаблан аввали соли 2023 гуфта мешуд, боз ба таъхир афтод
2023-01-30T14:32+0500
2023-01-30T14:32+0500
2023-01-30T14:32+0500
дар тоҷикистон
энергетика
низом
барқ
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032738955_0:36:1075:641_1920x0_80_0_0_1761945f2d2df7a6808b800a0c0369bf.jpg
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Хатҳои асосии интиқоли барқи Тоҷикистон то охири соли 2023 ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст мешаванд. Дар ин бора вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаи пайвастшавӣ ба ҳалқаи энергетикӣ марҳила ба марҳила амалӣ мешавад. Ба нақша гирифта шудааст, ки хатҳои 500 ва 220 кВт-ӣ то моҳи апрел, яъне то мавсими содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон, пайваст карда шаванд. Дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар бораи имкони иҷрои комили тарҳ то поёни соли ҷорӣ вазир таъкид кард, ки шояд комилан татбиқ нагардад ва афзуд барои васл кардани хати боқимонда дар шимоли кишвар, дар вилояти Суғд вақти иловагӣ лозим аст."Дар ин ҷо вақти бештар лозим мешавад, ин як раванди хеле мураккаб аст, ки ҳамоҳангиро тақозо мекунад", - гуфт Далер Ҷумъа.Ин дар ҳолест, ки масъулини энергетикаи Тоҷикистон қаблан мегуфтанд, ки эҳтимол то охири соли 2022 ва аввали соли 2023 ҷумҳурӣ пурра ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст шавад. Муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Ҷамшед Шоимзода, изҳор дошта буд, ки қисман пайвастшавӣ аллакай сурат гирифтааст, чун аз тариқи хатҳо дар ҷанубу шимоли ҷумҳурӣ нерӯи барқ содирот мешавад.Муовини аввали вазир гуфт, дар ин масъала омилҳои зиёд ҷой доранд ва ҷониби Тоҷикистон махсусан ба эътимоднокию устувории кори низоми ягона таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
https://sputnik.tj/20230130/sharh-rais-barqi-tojik-furushi-neru-afghonistonu-uzbekiston-1054568447.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032738955_0:0:1027:770_1920x0_80_0_0_795164a68288a742274558734966eab6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, низом, ягона, пайваст, осиёи марказӣ
тоҷикистон, низом, ягона, пайваст, осиёи марказӣ
Таъхири пайвастшавии комили Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ
Замони пайвастшавии комили шабакаҳои барқи Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, ки қаблан аввали соли 2023 гуфта мешуд, боз ба таъхир афтод
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Хатҳои асосии интиқоли барқи Тоҷикистон то охири соли 2023 ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст мешаванд.
Дар ин бора вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаи пайвастшавӣ ба ҳалқаи энергетикӣ марҳила ба марҳила амалӣ мешавад. Ба нақша гирифта шудааст, ки хатҳои 500 ва 220 кВт-ӣ то моҳи апрел, яъне то мавсими содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон, пайваст карда шаванд.
Дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар бораи имкони иҷрои комили тарҳ то поёни соли ҷорӣ вазир таъкид кард, ки шояд комилан татбиқ нагардад ва афзуд барои васл кардани хати боқимонда дар шимоли кишвар, дар вилояти Суғд вақти иловагӣ лозим аст.
"Дар ин ҷо вақти бештар лозим мешавад, ин як раванди хеле мураккаб аст, ки ҳамоҳангиро тақозо мекунад", - гуфт Далер Ҷумъа.
Ин дар ҳолест, ки масъулини энергетикаи Тоҷикистон қаблан мегуфтанд, ки эҳтимол то охири соли 2022 ва аввали соли 2023 ҷумҳурӣ пурра ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст шавад.
Муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Ҷамшед Шоимзода, изҳор дошта буд, ки қисман пайвастшавӣ аллакай сурат гирифтааст, чун аз тариқи хатҳо дар ҷанубу шимоли ҷумҳурӣ нерӯи барқ содирот мешавад.
Муовини аввали вазир гуфт, дар ин масъала омилҳои зиёд ҷой доранд ва ҷониби Тоҷикистон махсусан ба эътимоднокию устувории кори низоми ягона таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.