https://sputnik.tj/20230130/maqomoti-sugd-anbor-mahsulot-kishovarzi-zakhira-1054586744.html
Мақомоти Суғд: Дар анборҳо маҳсулоти кишоварзии зарурӣ захира шудааст
Мақомоти Суғд: Дар анборҳо маҳсулоти кишоварзии зарурӣ захира шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Суғд иддао дорад, ки дар анбору сардхонаҳои вилоят маҳсулоти кишоварзии зарурӣ дар ҳаҷми кофӣ захира карда шудааст
2023-01-30T21:30+0500
2023-01-30T21:30+0500
2023-01-30T21:30+0500
дар тоҷикистон
суғд
захира
маҳсулот
кишоварзӣ
сардхона
анбор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041315201_0:215:2048:1367_1920x0_80_0_0_78debed3c5297b7a25a244d2d046367f.jpg
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Соли 2022 дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 15 миллиарду 618 миллион сомонӣ расонида шуд, ки тибқи арзёбии масъулон, ба 112 фоизи нишондиҳандаи соли 2021 баробар мебошад, иттилоъ додааст сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд.Тибқи иттилои манбаъ, соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо якҷоя бо ҷуворимакка 396 ҳазору 235 тонна дон, аз ҷумла 173 ҳазору 572 тонна гандумро ташкил додааст.Ҳамзамон дар ин даврадар вилоят дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 562 ҳазору 924 тонна картошка, 608 ҳазору 540 тонна сабзавот, 124 ҳазору 477 тонна мева ва 148 ҳазору 551 тонна полезӣ истеҳсол гардидааст.Мақомоти Суғд таъкид кардааст, ки ҳоло дар анбору сардхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 135 ҳазору 375 тонна картошка, 21 ҳазору 760 тонна пиёз, 6 ҳазору 739 тонна сабзӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ захира карда шудааст.Зикр гардидааст, ки дар ҳолати афзоиши талабот маҳсулоти захирашуда ба фурӯш бароварда мешавад.Иттилоъ дода шудааст, ки дар айни замон дар вилояти Суғд 40 сардхонаи замонавӣ мавриди истифода қарор дорад.
https://sputnik.tj/20230130/khorij-nafurushed-khudamon-zarur-rahmon-sodiroti-kadom-mahsulot-1054582908.html
суғд
анбор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041315201_225:0:2048:1367_1920x0_80_0_0_6e00b34fd90cb8b2283fbd633223f741.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, захира, маҳсулоти кишоврзӣ, сардхона, мақомот
тоҷикистон, суғд, захира, маҳсулоти кишоврзӣ, сардхона, мақомот
Мақомоти Суғд: Дар анборҳо маҳсулоти кишоварзии зарурӣ захира шудааст
Мақомоти Суғд иддао дорад, ки дар анбору сардхонаҳои вилоят маҳсулоти кишоварзии зарурӣ дар ҳаҷми кофӣ захира карда шудааст
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Соли 2022 дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 15 миллиарду 618 миллион сомонӣ расонида шуд, ки тибқи арзёбии масъулон, ба 112 фоизи нишондиҳандаи соли 2021 баробар мебошад, иттилоъ додааст сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо якҷоя бо ҷуворимакка 396 ҳазору 235 тонна дон, аз ҷумла 173 ҳазору 572 тонна гандумро ташкил додааст.
Ҳамзамон дар ин даврадар вилоят дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 562 ҳазору 924 тонна картошка, 608 ҳазору 540 тонна сабзавот, 124 ҳазору 477 тонна мева ва 148 ҳазору 551 тонна полезӣ истеҳсол гардидааст.
Мақомоти Суғд таъкид кардааст, ки ҳоло дар анбору сардхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 135 ҳазору 375 тонна картошка, 21 ҳазору 760 тонна пиёз, 6 ҳазору 739 тонна сабзӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ захира карда шудааст.
Зикр гардидааст, ки дар ҳолати афзоиши талабот маҳсулоти захирашуда ба фурӯш бароварда мешавад.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар айни замон дар вилояти Суғд 40 сардхонаи замонавӣ мавриди истифода қарор дорад.