https://sputnik.tj/20230129/piyoz-osiyoi-markazi-kamyoft-shud-charo-1054559594.html
Пиёз дар Осиёи Марказӣ камёфт шуд: Чаро?
Пиёз дар Осиёи Марказӣ камёфт шуд: Чаро?
Sputnik Тоҷикистон
Бархе норасоии шадиди пиёз дар бозори кишварҳои Осиёи Марказиро ба сармоизадагии захираҳо ва коҳиши воридот аз Покистон рабт медиҳанд, ки дучори обхезӣ шуда буд
2023-01-29T15:30+0500
2023-01-29T15:30+0500
2023-01-29T15:30+0500
осиёи марказӣ
дар тоҷикистон
қазоқистон
қирғизистон
ӯзбекистон
сирпиёз
содирот
савдо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102923/11/1029231190_0:137:3073:1865_1920x0_80_0_0_6882d59eaa98f07b1a268b4aec2fc7b2.jpg
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Мақомоти Қирғизистон низ дар пайи тасмими ҳамсояҳояшон содироти пиёзро берун аз қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё манмуъ карданд. Ба иттилои мақомоти қирғиз, сабаб таъмини амнияти озуқаворӣ ва ба эътидол овардани нархҳо дар бозор мебошад. Ҳоло нархи пиёз хеле баланд аст, қайд мекунад Агентии зиддиинҳисории давлатӣ. Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти Ӯзбекистон низ содироти пиёзро то аввали апрели соли равон мамнуъ эълон кардаанд. Тавзеҳ дода шуд, ки бар асари сармоҳои ғайримуқаррарӣ захираи пиёзро дар анборҳои бархе навоҳии умҳурӣ хунук задаст, ки дар натиҷа камбуду гаронӣ ин навъи маҳсулот ба вуҷуд омадаст. Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон талаботи ҷумҳуриро ба пиёз то фасли баҳор 346 ҳазор тонна арзёбӣ кардааст, дар ҳоле ки ҳоло дар кишвар 319 ҳазор тонна пиёз мавҷуд аст.Қазоқистон низ содироти пиёзро барои се моҳ мамнуъ карда, ҳадафи онро таъмини талаботи дохилӣ унвон кард. Бархе норасоии шадиди пиёз дар бозори кишварҳои Осиёи Марказиро аз ҷумла коҳиши воридот аз Покистон рабт медиҳанд, ки дучори обхезӣ шуда будИн қарорҳо дар ҳолеянд, ки нархи пиёз дар Тоҷикистон низ майли болоравӣ дошта, то ба 8 сомонӣ расидааст. Дар зимн шароити Тоҷикистон барои парвариши пиёз мусоид арзёбӣ гардида, талабот ба он дар хориҷи кишвар низ зиёд аст.Ахиран ҳайати мақомдорони Қазоқистон зимни боздид аз вилояти Хатлон ҳавасмандияшонро барои хариди пиёз баён дошта, таъкид намуданд, ки омодаанд 15 млн долларро пешпардохт кунанд.Зикр гардидаст, ки дар сурати роҳандозии ҳамкории хуб соҳибкорони қазоқ омодаанд, то 50 млн долларро барои пиёзи кишоварзони Хатлон пардохт намоянд.Дар пасманзари афзоиши таваҷҷуҳ ва талабот раёсати Хатлон дастур додааст, ки майдони кишти онро соли равон зиёд кунанд.
https://sputnik.tj/20230123/voridot-sodirot-kohishyobi-savdo-tojikiston-qirghiziston-1054422998.html
қазоқистон
қирғизистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102923/11/1029231190_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_802347491aaade3ee22c6ecb92841ec1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
буҳрон, пиёз, осиёи марказӣ, қазоқистон, қирғизистон
буҳрон, пиёз, осиёи марказӣ, қазоқистон, қирғизистон
Пиёз дар Осиёи Марказӣ камёфт шуд: Чаро?
Бархе норасоии шадиди пиёз дар бозори кишварҳои Осиёи Марказиро ба сармоизадагии захираҳо ва коҳиши воридот аз Покистон рабт медиҳанд, ки дучори обхезӣ шуда буд
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Мақомоти Қирғизистон низ дар пайи тасмими ҳамсояҳояшон содироти пиёзро берун аз қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё манмуъ карданд.
Ба иттилои мақомоти қирғиз, сабаб таъмини амнияти озуқаворӣ ва ба эътидол овардани нархҳо дар бозор мебошад. Ҳоло нархи пиёз хеле баланд аст, қайд мекунад Агентии зиддиинҳисории давлатӣ.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти Ӯзбекистон низ содироти пиёзро то аввали апрели соли равон мамнуъ эълон кардаанд. Тавзеҳ дода шуд, ки бар асари сармоҳои ғайримуқаррарӣ захираи пиёзро дар анборҳои бархе навоҳии умҳурӣ хунук задаст, ки дар натиҷа камбуду гаронӣ ин навъи маҳсулот ба вуҷуд омадаст.
Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон талаботи ҷумҳуриро ба пиёз то фасли баҳор 346 ҳазор тонна арзёбӣ кардааст, дар ҳоле ки ҳоло дар кишвар 319 ҳазор тонна пиёз мавҷуд аст.
Қазоқистон низ содироти пиёзро барои се моҳ мамнуъ карда, ҳадафи онро таъмини талаботи дохилӣ унвон кард. Бархе норасоии шадиди пиёз дар бозори кишварҳои Осиёи Марказиро аз ҷумла коҳиши воридот аз Покистон рабт медиҳанд, ки дучори обхезӣ шуда буд
Ин қарорҳо дар ҳолеянд, ки нархи пиёз дар Тоҷикистон низ майли болоравӣ дошта, то ба 8 сомонӣ расидааст. Дар зимн шароити Тоҷикистон барои парвариши пиёз мусоид арзёбӣ гардида, талабот ба он дар хориҷи кишвар низ зиёд аст.
Ахиран ҳайати мақомдорони Қазоқистон зимни боздид аз вилояти Хатлон ҳавасмандияшонро барои хариди пиёз баён дошта, таъкид намуданд, ки омодаанд 15 млн долларро пешпардохт кунанд.
Зикр гардидаст, ки дар сурати роҳандозии ҳамкории хуб соҳибкорони қазоқ омодаанд, то 50 млн долларро барои пиёзи кишоварзони Хатлон пардохт намоянд.
Дар пасманзари афзоиши таваҷҷуҳ ва талабот раёсати Хатлон дастур додааст, ки майдони кишти онро соли равон зиёд кунанд.