https://sputnik.tj/20230130/charo-tavlid-barq-rekord-limit-bayn-1054582538.html
Чаро тавлиди барқ рекордӣ шуду "лимит" аз байн нарафт? далели вазир
Чаро тавлиди барқ рекордӣ шуду "лимит" аз байн нарафт? далели вазир
Sputnik Тоҷикистон
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мушкили соҳаро ба ҷой доштани талафоти нерӯ, камбуди идорӣ, фасоди молӣ ва афзоиши талабот рабт дод
2023-01-30T17:45+0500
2023-01-30T17:45+0500
2023-01-30T17:45+0500
дар тоҷикистон
энергетика
барқ
тавлид
рекорд
лимит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045115832_0:199:1920:1279_1920x0_80_0_0_506da7de1e5ad8e6f3b8cd83c340476d.jpg
ДУШАНБЕ, 30 янв – Sputnik. Соли 2022 истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон наздики 21,5 млрд кВт соатро ташкил дод, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар кишвар маҳсуб меёбад. Ин нуктаро вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ баён дошта, афзуд, тавлидоти барқ дар қиёс бо соли пешӣ наздики 800 млн.кВт соат зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии содироти неруи барқ дар ин давра ба 2,5 млрд кВт соат расидааст, ки беш аз 118 млн кВт соат зиёд мебошад, иттилоъ доданд масъулини энергетика. Ба суоли рӯзноманигорон, ки чаро бо вуҷуди афзоиши тавлидоти барқ мушкили камбуди барқ барои аҳолӣ бартараф намешавад, вазир изҳор дошт, ки ҳамзамон талабот низ дар ҷумҳурӣ ба барқ зиёд мегардад. Вай аз рушди 8-дарсадии ҳарсолаи иқтисодиёт, бунёди иншооту биноҳои бузург дар ҷумҳуриро ҳамчун далели зиёд шудани талабот ба нерӯи барқ зикр намуд. Аз ҷумла зикр кард, ки талаботи шабонарузӣ дар сармои зимистони имсола 81 млн кВт соатро ташкил дод, ки ин ҳам нисбати нишондодҳои солҳои қаблӣ зиёд аст. Далер Ҷумъа ҳамчуни ҷой доштани талафоти нерӯ, камбуди идорӣ, фасоди молӣ ва омили инсониро эътироф кард, ки боиси камбудиҳо дар соҳа мебошанд. Вазири энергетика муҳим хонд, ки барои қонеъ намудани талабот бояд тавлидотро боз ҳам бештар карду дар ин самт нияти истифода аз нерӯи боду офтобро зикр намуд. Ба иттилои Далер Ҷумъа Тоҷикистон азм дорад, то соли 2030 боз 800 мВт соат нерӯи барқро аз ҳисоби барқи офтобӣ ва бодӣ ба даст орад. Вай бартарии ин нерӯгоҳҳоро дар он хонд, ки бунёди онҳо вақти камро талаб мекунад. Ҳамчунин масъулини энергетика таъмини пурраи кишвар бо барқ ва содироти онро бо фаъолсозии пурраи нерӯгоҳи "Роғун" рабт медиҳанд ва таъкид мекунанд, ки сохтмони ин иншоот бо ҷалби шарикони рушд суръат бахшида мешавад.
https://sputnik.tj/20230130/anjom-sokhtmon-roghun-konsorqium-tasis-1054579029.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045115832_215:0:1920:1279_1920x0_80_0_0_7b96a221c924e4aeba306ac2e3e0156c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазир, энергетика, лимит, барқ, аҳолӣ, тоҷикистон
вазир, энергетика, лимит, барқ, аҳолӣ, тоҷикистон
Чаро тавлиди барқ рекордӣ шуду "лимит" аз байн нарафт? далели вазир
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мушкили соҳаро ба ҷой доштани талафоти нерӯ, камбуди идорӣ, фасоди молӣ ва афзоиши талабот рабт дод
ДУШАНБЕ, 30 янв – Sputnik. Соли 2022 истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон наздики 21,5 млрд кВт соатро ташкил дод, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар кишвар маҳсуб меёбад.
Ин нуктаро вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ баён дошта, афзуд, тавлидоти барқ дар қиёс бо соли пешӣ наздики 800 млн.кВт соат зиёд мебошад.
Ҳаҷми умумии содироти неруи барқ дар ин давра ба 2,5 млрд кВт соат расидааст, ки беш аз 118 млн кВт соат зиёд мебошад, иттилоъ доданд масъулини энергетика.
Ба суоли рӯзноманигорон, ки чаро бо вуҷуди афзоиши тавлидоти барқ мушкили камбуди барқ барои аҳолӣ бартараф намешавад, вазир изҳор дошт, ки ҳамзамон талабот низ дар ҷумҳурӣ ба барқ зиёд мегардад.
Вай аз рушди 8-дарсадии ҳарсолаи иқтисодиёт, бунёди иншооту биноҳои бузург дар ҷумҳуриро ҳамчун далели зиёд шудани талабот ба нерӯи барқ зикр намуд.
Аз ҷумла зикр кард, ки талаботи шабонарузӣ дар сармои зимистони имсола 81 млн кВт соатро ташкил дод, ки ин ҳам нисбати нишондодҳои солҳои қаблӣ зиёд аст.
Далер Ҷумъа ҳамчуни ҷой доштани талафоти нерӯ, камбуди идорӣ, фасоди молӣ ва омили инсониро эътироф кард, ки боиси камбудиҳо дар соҳа мебошанд.
Вазири энергетика муҳим хонд, ки барои қонеъ намудани талабот бояд тавлидотро боз ҳам бештар карду дар ин самт нияти истифода аз нерӯи боду офтобро зикр намуд.
Ба иттилои Далер Ҷумъа Тоҷикистон азм дорад, то соли 2030 боз 800 мВт соат нерӯи барқро аз ҳисоби барқи офтобӣ ва бодӣ ба даст орад. Вай бартарии ин нерӯгоҳҳоро дар он хонд, ки бунёди онҳо вақти камро талаб мекунад.
Ҳамчунин масъулини энергетика таъмини пурраи кишвар бо барқ ва содироти онро бо фаъолсозии пурраи нерӯгоҳи "Роғун" рабт медиҳанд ва таъкид мекунанд, ки сохтмони ин иншоот бо ҷалби шарикони рушд суръат бахшида мешавад.