Баррасии масоили марз миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПограничный столб. Таджикско-афганская граница.
Пограничный столб. Таджикско-афганская граница. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2023
Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар масъалаи марзӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30 янв – Sputnik. Дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додаааст.
“Зимни вохӯрӣ масъалаҳои гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин раванди технологии омода намудани харитаҳои демаркатсионӣ муҳокима гардид”, -таъкид кардааст вазорати умури хориҷа.
Зикр гардидааст, ки дидори мазкур дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд
Национальные флаги Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2022
Тоҷикистону Ӯзбекистон масъалаи аломатгузории марзро баррасӣ карданд
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Тибқи иттилои вазорати хориҷаи кишваро вохӯрии навбатии гурӯҳҳои корӣ дар Ӯзбекистон барпо мегардад.
Қаблан Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон гуфта буд, ки аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян шудааст.
Ба гуфтаи вай, хатти марзӣ, ки номуайян боқӣ мондааст, асосан дар қисматҳоест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.
Лентаи хабарҳо
0