Тоҷикистону Ӯзбекистон масъалаи аломатгузории марзро баррасӣ карданд

© Foto / Пресс-служба Президента УзбекистанаНациональные флаги Узбекистана и Таджикистана
Национальные флаги Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2022
Обуна шудан
Тоҷикистону Ӯзбекистон давоми панҷ рӯзи гузашта барои аломатгузорӣ намудани марзҳои миёни кишварзо сари мизи музокирот нишастанд
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Ҳайатҳои ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон протоколи навбатии марзиро имзо карданд, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Бино ба гузориши манбаъ, рӯзҳои 16-21 октябри соли равон дар шаҳри Намангон вохӯрии навбати гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.
"Зимни вохӯрӣ ҷараёни корҳои аломатгузорӣ муҳокима гардида, пешниҳодҳо оид ба хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбекистон таҳия шуданд", - афзудааст манбаъ.
Таъкид шудаст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашта, дар поёни нишаст протоколи дахлдор ба имзо расид. Интизор меравад, ки вохӯрии навбатӣ дар Тоҷикистон баргузор гардад.
Ёдовар мешавем, моҳи июл низ як вохӯрии чандрӯза сари масъалаи мазкур сурат гирифт ва дар анҷоми музокироти онвақта низ протокол тасвиб шуд.
Қаблан Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон гуфта буд, ки аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян шудааст.
Национальные флаги Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2022
Баррасии ҳамкории байнисарҳадӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон
Ба гуфтаи вай, хатти марзӣ, ки номуайян боқӣ мондааст, асосан дар қисматҳоест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.
Маврид ба зикр аст, ки баъд аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёв дар Ӯзбекистон ва сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 равобит миёни ду кишвар беҳбуд ёфта, дар масъалаи аломатгузории марз низ пешрафтҳо ҳосил шудаанд. Аз ҷумла бинобар асоси созиши ду кишвари ҳамсоя, аз обанбори “Фарҳод” барои як муддати тӯлонӣ якҷоя истифода мекунанд.
Хоҷазода дар мавриди обанбори “Фарҳод” изҳор дошта буд, ки байни ду давлат шартнома вуҷуд дорад ва ягон баҳс дар миён нест.
Лентаи хабарҳо
0