Президент нархи ғизоро дар Тоҷикистон муътадил хонда, аз оянда ҳушдор дод

Праздник Сада в Душанбе
Праздник Сада в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2023
Обуна шудан
Бинобар сабабу омилҳои гуногун таъминоти аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ сол ба сол мураккабу мушкил гардида истодааст, изҳор дошт раисҷумуҳури Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Ҳоло маҳсулот дар бозори Тоҷикистон фаровону нархҳо муътадиланд, изҳор дошт президент Эмомалӣ Раҳмон, дар паёмаш ба муносибати Сада.
Ӯ таъкид намуд, ки бо вуҷуди муътадилӣ тоҷикистониён бояд сарфаю сариштакор бошанд ва талаботи қонуни танзимро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд.
"Зеро чунонки ҳамватанони азизамон мушоҳида мекунанд, бинобар сабабу омилҳои гуногун таъминоти аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ сол ба сол мураккабу мушкил гардида истодааст", - гуфт Раҳмон.
Вай таъкид намуд, ки дар баробари афзоиши талабот раванди болоравии мунтазами нархҳо, пеш аз ҳама, нархи озуқаворӣ идома ва ҳатто шиддат гирифта истодааст.
Урожай лука в Раштском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2023
Пиёз дар Осиёи Марказӣ камёфт шуд: Чаро?
"Дар чунин шароит мо бояд ба мавсими киштукори баҳорӣ ҳамаҷониба омодагӣ бинем, бештар заҳмат кашем, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем ва кӯшиш намоем, ки мардумамон аз болоравии нархҳо ва камчинии маҳсулот азияту танқисӣ накашанд", - гуфт ӯ.
Президенти Тоҷикистон таъкид намуд, ки соли гузашта кишоварзони мамлакат софдилона заҳмат кашида, ҳосили хуб ба даст оварданд, ки фаровонии имрӯзаи бозори истеъмолии дохилӣ самараи заҳмати онҳост.
"Ҳарчанд ки ҳоло маҳсулот фаровону нархҳо муътадиланд, ҳамватанони азизи мо бояд сарфаю сариштакор бошанд ва талаботи қонуни танзимро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд", - таъкид намуд раисҷумҳур.
Вай ба заҳмати софдилона, истифодаи самараноки замин ва аз ҳамин тариқ ба беҳбуди сатҳи зиндагӣ даъват намуд.
Лентаи хабарҳо
0