Оқибати зарбаи нерӯҳои украинӣ ба беморхонаҳо - видео

Обуна шудан
Бар асари зарбаи ҳавоии қувваҳои мусаллаҳи украинӣ ба беморхонаи минтақаи Новоайдар 14 нафар ҳалок шуда, 24 нафари дигар маҷруҳ гардидаанд
Вазорати умури хориҷии Русия ҳамлаи мушакӣ ба беморхонаҳои Новоайдар ва Новая Каховкаро маҳкум кард.
Ин ниҳод бо нашри як изҳорот гуфт, иқдоми мазкури Киев ва Ғарб ҷинояти ҷангӣ дастандаркорони он муҷозот хоҳанд шуд.
"Барқасдона тирборон кардани муассисаҳои тиббии фаъоли ғайринизомӣ ва куштани ҳадафмандонаи ғайринизомиён ҷиноятҳои вазнини ҷангии режими Киев ва хоҷагони ғарбии он мебошанд", - омадааст дар баёния.
Вазорат инчунин аз мавҷудияти стандартҳои дугона гуфтааст, ки Ғарб дар якҷоягӣ бо Киев ба далели саҳнаҳои иғвоангез дар Буча ва Ирпин изҳорот медоданд, аммо амалҳои ваҳшиёнаи режими Киевро нодида мегиранд.
"Ҳамаи ин ҷиноятҳои низомии низоми Киев бо пуштибонии Ғарб бе ҷазо намемонанд. Ҳамаи онҳо сабт мешаванду фармоишгарон ва иҷрокунандаҳои онҳо ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд", - омадааст дар изҳорот.
Маврид ба зикр аст, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина рӯзи 28 январ бемористонҳои Новоайдар ва Новая Каховкаро тирборон карданд.
Ба Новоайдар онҳо аз HIMARS MLRS-и амрикоӣ зарба зада, дар натиҷа дар беморхонаи ноҳиявӣ 14 нафар кушта ва 24 нафар маҷруҳ гардиданд. Бемористони Новая Каховкаро аз тӯпхона гулӯлаборон кардаанд, ки аз 17 гулӯлаи партобшуда сеяки онҳо дар ҳудуди бемористон мунфаҷир шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0