https://sputnik.tj/20230129/gulkhan-umochu-moshkichiri-tajlili-dushanbe-1054563103.html
Бо гулхану умочу мошкичирӣ: таҷлили бошукуҳи Сада дар Душанбе
Бо гулхану умочу мошкичирӣ: таҷлили бошукуҳи Сада дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ғизоҳои хоси минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, зироатҳои гуногун ва дастовардҳои кишоварзони тоҷик дар ҷашни Сада баргузор шуд
2023-01-29T18:30+0500
2023-01-29T18:30+0500
2023-01-29T18:30+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
ҷашни сада
ид
таҷлил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/1d/1054560208_0:114:1280:835_1920x0_80_0_0_602ea2d4a7c03a732803a8b759c91c93.jpg
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Маросимҳои асосии ҷашни Сада дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, дар даромадгоҳи ҷашнгоҳ гулхан ороста шуда, баробари сокинон дар маросими таҷлили Сада инчунин вазири кишоварзӣ, Қурбон Ҳакимзода, муовини сарвазир Сулаймон Зиёзода, ёрдамчии президент дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода иштирок доштанд. Зикр гардид, ки деҳқонон дар айёми Сада тухмиҳои хушсифати зироат ва нуриҳои зарурӣ дастрас намуда, олоти корӣ ва заминро барои кишти баҳорӣ омода менамоянд. Дар ҷашнгоҳ кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсулоти худ, олоти кории кишоварзӣ, тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотро ба намоиш гузоштаанд. Дар дастурхони ҷашнӣ, тибқи оини аҷдодӣ бештар донагиҳо, инчунин хӯрокҳои мухталиф - мошкичирӣ, лӯбию нахӯдшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширрӯған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, умоч, шӯрбо ва ғайра пешниҳоди меҳмонон гардонида шуданд.Зикр гардид, ки деҳқонон ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза карда, яхобмонӣ, обшӯй намудани заминҳои шӯр, ворид намудани нуриҳоро амалӣ мекунанд. Ҳамчунин шохабурӣ ва башаклдарории дарахтонро ба анҷом расонида, чорабиниҳоро ҷиҳати мубориза бо зараррасону касалиҳо анҷом медиҳанд.Инчунин бори нахуст дар майдони ҷашн баробари намоиши ниҳолу зироати кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумат гӯшаи имконоти сайёҳии мамлакатро пешниҳоди иштирокдорон гардонд.
https://sputnik.tj/20230129/falsafai-amiq-faromushi-sada-prezident-1054556247.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/1d/1054560208_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_d607682090488071f1fa19df375b38a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, ҷашн, сада, таҷлил, ид
душанбе, ҷашн, сада, таҷлил, ид
Бо гулхану умочу мошкичирӣ: таҷлили бошукуҳи Сада дар Душанбе
Намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ғизоҳои хоси минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, зироатҳои гуногун ва дастовардҳои кишоварзони тоҷик дар ҷашни Сада баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Маросимҳои асосии ҷашни Сада дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ба иттилои расмӣ, дар даромадгоҳи ҷашнгоҳ гулхан ороста шуда, баробари сокинон дар маросими таҷлили Сада инчунин вазири кишоварзӣ, Қурбон Ҳакимзода, муовини сарвазир Сулаймон Зиёзода, ёрдамчии президент дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода иштирок доштанд.
Зикр гардид, ки деҳқонон дар айёми Сада тухмиҳои хушсифати зироат ва нуриҳои зарурӣ дастрас намуда, олоти корӣ ва заминро барои кишти баҳорӣ омода менамоянд.
Дар ҷашнгоҳ кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсулоти худ, олоти кории кишоварзӣ, тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотро ба намоиш гузоштаанд.
Дар дастурхони ҷашнӣ, тибқи оини аҷдодӣ бештар донагиҳо, инчунин хӯрокҳои мухталиф - мошкичирӣ, лӯбию нахӯдшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширрӯған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, умоч, шӯрбо ва ғайра пешниҳоди меҳмонон гардонида шуданд.
Зикр гардид, ки деҳқонон ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза карда, яхобмонӣ, обшӯй намудани заминҳои шӯр, ворид намудани нуриҳоро амалӣ мекунанд. Ҳамчунин шохабурӣ ва башаклдарории дарахтонро ба анҷом расонида, чорабиниҳоро ҷиҳати мубориза бо зараррасону касалиҳо анҷом медиҳанд.
Инчунин бори нахуст дар майдони ҷашн баробари намоиши ниҳолу зироати кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумат гӯшаи имконоти сайёҳии мамлакатро пешниҳоди иштирокдорон гардонд.