https://sputnik.tj/20230129/falsafai-amiq-faromushi-sada-prezident-1054556247.html
Аз фалсафаи амиқ то фаромӯшӣ ва эҳёи Сада: паёми президент ба тоҷикистониён
Аз фалсафаи амиқ то фаромӯшӣ ва эҳёи Сада: паёми президент ба тоҷикистониён
Sputnik Тоҷикистон
Рамзу маъниҳои Сада хеле зиёданд, аммо моҳияти асосии ин ҷашн аз пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ иборат мебошад
2023-01-29T10:30+0500
2023-01-29T10:30+0500
2023-01-29T10:30+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
ҷашни сада
эмомалӣ раҳмон
паём
шодбошӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/17/1047892368_0:66:799:515_1920x0_80_0_0_8969c5562a503f25c1d8c78471209a29.jpg
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро бо фарорасии ҷашни бостонии Сада шодбош гуфта, ба ҳар як хонадон саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзу намудаст. Ӯ дар паёми шодбошияш таъкид кардаст, ки Сада аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдодӣ шуморида мешуд ва дар қатори Наврӯз, Меҳргону Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад.Ба гуфтаи Раҳмон, рамзу маъниҳои Сада хеле зиёданд, аммо моҳияти асосии ҷашни Сада аз пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ иборат мебошад.Вай бо такя ба сарчашмаҳои асотирӣ ва адабӣ илова намуд, ки шоҳ Ҳушанги пешдодӣ на танҳо рози оташафрӯзиро дарёфтааст, балки ҷашни гиромидошти онро бо номи Сада бунёд ниҳодааст.Тибқи асотиру ривоят кашфи оташ ва вобаста ба он истеҳсоли оҳан ва таъсиси ҷашни Сада боиси ба вуҷуд омадани бисёр касбу ҳунарҳои мардумӣ ва асбобу олоти корӣ гардидааст, ки то ҳол идома ёфта, дар фаъолияти ҳаррӯзаи кишоварзон истифода мешаванд.Эмомалӣ Раҳмон зикр анмудаст, ки ҷашни Сада асоси қавии табиӣ ва иҷтимоӣ дорад. "Дар шабу рӯзи ҷашни Сада, ки ба охири моҳи январ рост меояд, дар табиат гардиш ба сӯйи фасли баҳор рӯй медиҳад ва сардиҳои шадид паси сар мешаванд", - афзуд ӯ. Президент тавзеҳ дод, ки Сада аз сипарӣ шудани сармо, поёни чиллаи зимистон ва наздик шудани Наврӯз мужда мерасонад. Бинобар ин, Сада аҳли заҳматро водор месозад, ки аз фароғати зимистона берун омада, омодагиро ба мавсими нави кишоварзӣ ва боғдорӣ оғоз намоянд, таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.
https://sputnik.tj/20230128/dushanbe-jashn-sada-tajlil-1054548664.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/17/1047892368_44:0:753:532_1920x0_80_0_0_28643b884c5faab52deca8cf3a34505e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, тоҷикистониён, сада, ҷашн, шодбошӣ
президент, тоҷикистониён, сада, ҷашн, шодбошӣ
Аз фалсафаи амиқ то фаромӯшӣ ва эҳёи Сада: паёми президент ба тоҷикистониён
Рамзу маъниҳои Сада хеле зиёданд, аммо моҳияти асосии ин ҷашн аз пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ иборат мебошад
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро бо фарорасии ҷашни бостонии Сада шодбош гуфта, ба ҳар як хонадон саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзу намудаст.
Ӯ дар паёми шодбошияш таъкид кардаст, ки Сада аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдодӣ шуморида мешуд ва дар қатори Наврӯз, Меҳргону Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад.
"Бо вуҷуди ҳикмату фалсафаи қадимаву амиқи худ, Сада бар асари омилҳои гуногун тайи асрҳои зиёд камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ эҳё ва мақоми ҷашни миллии расмиро соҳиб гардид", - афзуд президент.
Ба гуфтаи Раҳмон, рамзу маъниҳои Сада хеле зиёданд, аммо моҳияти асосии ҷашни Сада аз пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ иборат мебошад.
Вай бо такя ба сарчашмаҳои асотирӣ ва адабӣ илова намуд, ки шоҳ Ҳушанги пешдодӣ на танҳо рози оташафрӯзиро дарёфтааст, балки ҷашни гиромидошти онро бо номи Сада бунёд ниҳодааст.
Тибқи асотиру ривоят кашфи оташ ва вобаста ба он истеҳсоли оҳан ва таъсиси ҷашни Сада боиси ба вуҷуд омадани бисёр касбу ҳунарҳои мардумӣ ва асбобу олоти корӣ гардидааст, ки то ҳол идома ёфта, дар фаъолияти ҳаррӯзаи кишоварзон истифода мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон зикр анмудаст, ки ҷашни Сада асоси қавии табиӣ ва иҷтимоӣ дорад.
"Дар шабу рӯзи ҷашни Сада, ки ба охири моҳи январ рост меояд, дар табиат гардиш ба сӯйи фасли баҳор рӯй медиҳад ва сардиҳои шадид паси сар мешаванд", - афзуд ӯ.
Президент тавзеҳ дод, ки Сада аз сипарӣ шудани сармо, поёни чиллаи зимистон ва наздик шудани Наврӯз мужда мерасонад. Бинобар ин, Сада аҳли заҳматро водор месозад, ки аз фароғати зимистона берун омада, омодагиро ба мавсими нави кишоварзӣ ва боғдорӣ оғоз намоянд, таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.