Дар Душанбе ҷашни Сада таҷлил мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевПраздник Сада
Праздник Сада - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2023
Обуна шудан
Дар назар аст, ки дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, олимону адибон ва кишоварзони Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иштирок кунанд
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абудқосими Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе ҷашни Сада таҷлил мегардад. Дар ин бора котиботи Вазорати кишоварзӣ хабар дод.
Бар хабари манбаъ, ин ид рӯзи 29 январ дар боғи мазкур бо намоиши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ сурат мегирад.
"Дар ин рӯз гӯшаи тавсияи олимону мутахассисон оид ба омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, намоиши ҳамагуна олоти кории кишоварзӣ, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, намоиш ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, тухмиҳои зироатии кишоварзӣ, ки ҷашни Садаро ифода мекунанд, пешниҳод мегардад", - омадааст дар хабари Вазорат.
Праздник Сада в Душанбе 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Макон ва замони баргузории Иди Сада маълум шуд
Зикр гардид, ки дар ин рӯз аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа низ дар назар дошта шудааст. Сокинони пойтахт имкон доранд, ки аз ин ҷашнгоҳ гулу бутта ва ниҳолҳои гуногунро бо нархи арзон харидорӣ намоянд.
Ба иттилои пажӯҳишгарон, дар рӯзи таҷлили иди Сада афрӯхтани оташ ва дар гирди он рақсу бозӣ намудан маънои онро дорад, ки баъди сардиву карахтии фасли зимистон мебояд боз ба гармиву хушиҳои зиндагӣ рӯй овард.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҷашни Сада расман аз соли 2018 ба ин сӯ таҷлил гардида, дар қонунгузории икшвра рӯзи ҷашни он 30 январ муқаррар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0