https://sputnik.tj/20230129/dasturi-navi-tolibho-donishgohho-tahsil-dukhtaron-1054558999.html
Дастури нави толибҳо ба донишгоҳҳо дар мавриди таҳсили духтарон
Дастури нави толибҳо ба донишгоҳҳо дар мавриди таҳсили духтарон
Sputnik Тоҷикистон
Дастури ҷадид дар бораи маҳдудиятҳо дар ҳолест, ки қаблан вазири умури дохилии ҳукумати толибҳо маҳдудияти таҳсилро муваққатию ҳалшаванда хонда буд
2023-01-29T14:31+0500
2023-01-29T14:31+0500
2023-01-29T14:34+0500
дар ҷаҳон
маориф
таҳсил
толиб
бонувон
афғонистон
занон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041687739_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_7efe201eb679c69c89cc2cb965e1d0f5.jpg
ДУШАНБЕ, 29 янв – Sputnik. Толибҳо ба донишгоҳҳо дастур доданд, ки духтаронро барои супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ роҳ надиҳанд, иттилоъ дод Sputnik Афғонистон. Ба иттилои манбаъ, Вазорати маорифи ҳукумати толибҳо дар як нома ба донишгоҳҳои ҳам хусусӣ ва ҳам давлатӣ ҳушдор додааст, ки дар сурати риоя накардани ин маҳдудият масъулин ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ин дар ҳолест, ки ахиран вазири корҳои дохилии толибҳо, Сироҷиддин Ҳаққонӣ гуфт, маҳдудиятҳои марбути таҳсили занон дар Афғонистон бартараф хоҳанд шуд. Ҳаққонӣ дар мулоқот муовини дабири кулли СММ Мартин Грифитс изҳор дошт, ки баъзе ихтилофҳо вуҷуд доранд, ки метавон роҳи ҳаллашонро пайдо кард. Ӯ тавзеҳ додаст, ки феълан баҳсҳо дар мавриди низоми таълим ҷой доранд, ки бидуни мушкиле ҳал мегарданд.Ҳаққонӣ таъкид намудааст, ки ҳар шаҳрванди Афғонистон бояд таҳсилдида бошад то дар барқарорсозии кишвар саҳм гузошта тавонад.Маврид ба зикр аст, ки феълан танҳо духтарони то 12-сола дар Афғонистон метавонанд аз ҳуқуқашон ба таҳсил истифода карда, то синфи 6 таҳсил кунанд.Пештар Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати муваққати толибҳо дар Афғонистон бо интишори номае аз бастани дарвозаҳои донишгоҳҳо ба рӯи духтарон хабар дод. Ин иқдоми толибҳо вокунишҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба дунбол дошт.Кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз толибҳо интиқод карданд ва хоҳони лағви мамнуъияти таҳсил барои духтарон дар донишгоҳ шудаанд.Дар вокуниш раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Аҳмад Масъуд гуфт, дарвозаи сохтмони донишгоҳу мактабро метавон баста кард, аммо дари илму донишро наметавон баст.Бархе аз давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ӯзбекистон низ бо нашри як муроҷиатномаи расмӣ аз толибҳо хост, барои ояндаи дурахшони кишвар ин қарорашонро бозбинӣ намоянд
https://sputnik.tj/20230127/tashdidi-gurusnagi-afghoniston-7-million-kudaku-modar-1054540117.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041687739_113:0:2844:2048_1920x0_80_0_0_70a46fc9bb5f9ef7bf986270a26faeee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дастур, ташдид, маҳдудият, таҳсил, бонувон, афғонситон
дастур, ташдид, маҳдудият, таҳсил, бонувон, афғонситон
Дастури нави толибҳо ба донишгоҳҳо дар мавриди таҳсили духтарон
14:31 29.01.2023 (Навсозишуда: 14:34 29.01.2023) Дастури ҷадид дар бораи маҳдудиятҳо дар ҳолест, ки қаблан вазири умури дохилии ҳукумати толибҳо маҳдудияти таҳсилро муваққатию ҳалшаванда хонда буд
ДУШАНБЕ, 29 янв – Sputnik. Толибҳо ба донишгоҳҳо дастур доданд, ки духтаронро барои супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ роҳ надиҳанд, иттилоъ дод Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, Вазорати маорифи ҳукумати толибҳо дар як нома ба донишгоҳҳои ҳам хусусӣ ва ҳам давлатӣ ҳушдор додааст, ки дар сурати риоя накардани ин маҳдудият масъулин ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран вазири корҳои дохилии толибҳо, Сироҷиддин Ҳаққонӣ гуфт, маҳдудиятҳои марбути таҳсили занон дар Афғонистон бартараф хоҳанд шуд.
Ҳаққонӣ дар мулоқот муовини дабири кулли СММ Мартин Грифитс изҳор дошт, ки баъзе ихтилофҳо вуҷуд доранд, ки метавон роҳи ҳаллашонро пайдо кард. Ӯ тавзеҳ додаст, ки феълан баҳсҳо дар мавриди низоми таълим ҷой доранд, ки бидуни мушкиле ҳал мегарданд.
Ҳаққонӣ таъкид намудааст, ки ҳар шаҳрванди Афғонистон бояд таҳсилдида бошад то дар барқарорсозии кишвар саҳм гузошта тавонад.
Маврид ба зикр аст, ки феълан танҳо духтарони то 12-сола дар Афғонистон метавонанд аз ҳуқуқашон ба таҳсил истифода карда, то синфи 6 таҳсил кунанд.
Пештар Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати муваққати толибҳо дар Афғонистон бо интишори номае аз бастани дарвозаҳои донишгоҳҳо ба рӯи духтарон хабар дод. Ин иқдоми толибҳо вокунишҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба дунбол дошт.
Кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз толибҳо интиқод карданд ва хоҳони лағви мамнуъияти таҳсил барои духтарон дар донишгоҳ шудаанд.
Дар вокуниш раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Аҳмад Масъуд гуфт, дарвозаи сохтмони донишгоҳу мактабро метавон баста кард, аммо дари илму донишро наметавон баст.
Бархе аз давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ӯзбекистон низ бо нашри як муроҷиатномаи расмӣ аз толибҳо хост, барои ояндаи дурахшони кишвар ин қарорашонро бозбинӣ намоянд