Кишварҳои исломӣ аз узвияти Тоҷикистон дар Шӯрои амнияти СММ ҷонибдорӣ карданд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2023
Обуна шудан
Тоҷикистон муътақид бар он аст, ки давлатҳои хурд низ бояд имкони бештаре барои саҳмгузорӣ дар дарёфти роҳҳали масоили таъмини сулҳу амният дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ - СҲИ аз номзадииТоҷикистон барои узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 ҷонибдорӣ карданд.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар ҷаласаи Гурӯҳи кишварҳои СҲИ дар қароргоҳи СММ давлатҳои узв якдилона ҷонибдорияшонро аз узвияти ғайридоимии ҶТ дар Шӯрои амнияти созмон барои солҳои 2028-2029 изҳор намуданд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат зимни муаррифии номзадии кишвар, аз иштироки фаъоли ҷумҳурӣ дар чорабинҳои СММ ва таҷрибаи беназири он зикр намудаст.
Дар фарҷоми баррасии мавзӯи мазкур, кишварҳои узви СҲИ якдилона ҷонибдории худро аз номзадии Тоҷикистон барои касби узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 изҳор намуданд.
Эмблема ООН, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2022
Пешниҳоди номзадии Тоҷикистон ба узвият дар Шӯрои амнияти СММ
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон бори нахуст барои касби узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои амният номзадии худро пешбарӣ менамояд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин қаблан дар иҷлосияи 77-уми Маҷмааи Умумии СММ гуфт, давлатҳои хурд низ бояд имкони бештаре дошта бошанд, то ҷиҳати дарёфти роҳҳалҳо барои масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу амният саҳмгузор бошанд.
Дар зимн дипломат аз ҳиссагузориҳои бисёрсола дар чандҷанбагароӣ, таҷрибаи беназири сулҳпарварӣ ва дониши амиқи Тоҷикистон дар бораи Афғонистон зикр кард.
Маврид ба зикр аст, ки Шӯрои амнияти СММ аз аъзои доимӣ ва ғайридоимӣ иборат мебошад. Аъзои доимӣ Чин, Русия, Бритониё, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Фаронса мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0