Дар Тоҷикистон то 31 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевДети катаются на снежной горке в Душанбе
Дети катаются на снежной горке в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2023
Обуна шудан
Ҳавосанҷон дар ғарби ВМКБ шабона то 17 дараҷа, дар шарқи вилоят то 31, дар Хатлону Суғд 6 ва 12 ва дар Душанбе ва атрофи он 3, 5 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда ва бебориш мешавад, пешгӯӣ мекунад Агентии обуҳавошиносии кишвар.
Бар хабари манбаъ, дар ВМКБ вазиши шамол дар як сония ба 4-9 метр мерасад. Дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 26-31 ва рӯзона 11-16 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд фаромадани тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Мальчик зимой в шапке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2023
Гармиҳо кай ба Тоҷикистон меояд? Шарҳи коршинос
Дар вилояти Хатлон низ фаромадани тормеғ пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои шаҳру навоҳии кишвар низ бебориш буда, шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар Душанбе ҳам ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук, рӯзона 8+-10 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0