Макон ва замони баргузории Иди Сада маълум шуд

© Sputnik / Амир ИсаевПраздник Сада в Душанбе 2021
Праздник Сада в Душанбе 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон саъй дорад, Ҷашни Садаро низ ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид кунад
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои мақомоти тоҷик, таҷлили Сада рӯзи 31 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Манбаъ таъкид кард, ки дар ин маросим намоиши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ баргузор гардида, ҳамчунин дар саҳни боғи мазкур рамзи Ҷашни Сада - оташи калон афрӯхта мешавад.
“Дар ҷашни мазкур кишоварзони тамоми шаҳру навоҳии мамлакат олоти кории кишоварзӣ, навъҳои тухмии зироат ва техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, ярмарка-фурӯши ниҳол, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари Ҷашни Сада мебошанд, ба намоиш мегузоранд”, - омадааст дар иттилоия, ки “Ховар” нашр кардааст.
Праздник Сада в Душанбе 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2021
Шикамбадамҳо: интиқоди тунди рӯзноманигор аз шеваи таҷлили Сада дар Тоҷикистон
Гуфта мешавад, дар ин рӯз аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа низ дар назар дошта шудааст.
Таъкид гардид, ки дар ҷашни имсола олимони соҳаи кишоварзӣ, тухмипарварони мамлакат ва боғпарварон навъҳои гуногуни зироати донагӣ ва ниҳолу буттаҳоро ба намоиш гузошта, ба деҳқонон роҳу усули парвариши онро тавсия медиҳанд.
Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ изҳор дошт, "ифтихор дорем, ки Тоҷикистон барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва ин мояи ифтихори мост".
Ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон саъй дорад, ки Ҷашни Садаро низ ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид кунад.
Лентаи хабарҳо
0