Мақомот аз бозсозии роҳи Бохтар-Левакант ва Лолазор-Левакант эълон кард

© Минтранс ТаджикистанаҚарордоди роҳҳои Бохтар – Левакант ва Лолазор - Левакант
Қарордоди роҳҳои Бохтар – Левакант ва Лолазор - Левакант - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2023
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи оғози иҷрои супоришҳои президент эълон карда гуфт, дар соли 2023 бозсозии роҳи Бохтар-Левакант ва Лолазор-Левакант оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бо иштироки намояндагони ширкати “Nanjing Communication Engineering Co. Ltd” – и Чин ва ширкати “Заводи Асфалту Бетон” -и Тоҷикистон шартнома дар бораи таҷдиди роҳи Бохтар-Левакант ва Лолазор-Левакант ба имзо расид, иттилоъ додааст вазорати нақлиёт.
Тибқи иттилои созишномаи мазкур бо мақсади татбиқи Лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди қитъаи 1 ("Бохтар-Левакант, аз км 0,00 то км 9,72) ва қитъаи 2 ("Левакант- Лолазор, аз км 9,72 то км 40,0") ба имзо расонида шудааст.
Таъкид шудааст, ки лоиҳаи мазкур яке аз 5 лоиҳаҳое мебошад, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар барои оғоз бахшидани онҳо дар соли 2023 супориш дода шуда буд.
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати Бонки Исломии Рушд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2023
Дар Душанбе таҷдид ва барқарорсозии роҳи Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ баррасӣ шуд
Бояд тазаккур дод, ки бори аввал дар таърихи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ, ки дар он беш аз 18 ширкати хориҷӣ низ иштирок доштанд, дар рақобати солим ду ширкати маҳаллӣ: ҶДММ “ИДЕАЛ-СЕРВИС” ва ҶСП “Заводи Асфалту Бетон” аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд ғолиб дониста шуданд.
Зикр гардидааст, ки барои фаъолият пурра кормандони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд. Назорати сифати сохтмонро ширкати австралиягии СМЕК ба уҳда дорад.
Лентаи хабарҳо
0