https://sputnik.tj/20230110/dar-dushanbe-tajdid-va-barqarorsozii-rohi-guliston-farkhor-panj-dusti-barrasi-shud-1054081198.html
Дар Душанбе таҷдид ва барқарорсозии роҳи Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе таҷдид ва барқарорсозии роҳи Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ баррасӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот мегӯяд роҳи мошингарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ як ҷузъи шоҳроҳи байналмилалӣ буда барои роҳёфтан ба кишварҳои хориҷӣ шароити хуб фароҳам мекунад
2023-01-10T09:02+0500
2023-01-10T09:02+0500
2023-01-10T09:02+0500
дар тоҷикистон
сохтмон
роҳ
иқтисод
нақлиёт
бир
вазорати рушди иқтисод ва савдои тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/09/1054081045_0:38:1758:1026_1920x0_80_0_0_015372f7c4438ce322ba74d5dfb4c2dd.jpg
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Ахиран дар Душанбе мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқи Завқизода бо ҳайати Бонки Исломии Рушд бо роҳбарии Эмре Эсер сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод.Тибқи иттилои манбаъ, вазири тоҷик зимни мулоқот таъкид намудааст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Бонки Исломии Рушд сол то сол рушд карда, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.Дар ин мулоқот масъалаи таҷдиду сохтмони роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла Таҷдид ва барқарорсозии роҳи Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.Оқои Завқизода қайд кардааст, ки Роҳи автомобилгарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ як ҷузъи шоҳроҳи байналмилалӣ буда, барои баромадан ба роҳҳои кишварҳои хориҷӣ шароити хуб фароҳам меоварад.Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои маблағгузорӣ ба дигар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ низ баррасӣ гардиданд.Зикр гардидааст, ки ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.
https://sputnik.tj/20221104/tojikiston-tajdidi-du-roh-dollar-1052626537.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/09/1054081045_74:0:1442:1026_1920x0_80_0_0_764a7af08fe409908692e4f83169ba2e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, роҳ, сохтмон, барқарорсозӣ, вазири иқтисод, гулистон, фархор, панҷ, дӯстӣ, шоҳроҳ
тоҷикистон, роҳ, сохтмон, барқарорсозӣ, вазири иқтисод, гулистон, фархор, панҷ, дӯстӣ, шоҳроҳ
Дар Душанбе таҷдид ва барқарорсозии роҳи Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ баррасӣ шуд
Мақомот мегӯяд роҳи мошингарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ як ҷузъи шоҳроҳи байналмилалӣ буда барои роҳёфтан ба кишварҳои хориҷӣ шароити хуб фароҳам мекунад
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Ахиран дар Душанбе мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқи Завқизода бо ҳайати Бонки Исломии Рушд бо роҳбарии Эмре Эсер сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод.
Тибқи иттилои манбаъ, вазири тоҷик зимни мулоқот таъкид намудааст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Бонки Исломии Рушд сол то сол рушд карда, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Дар ин мулоқот масъалаи таҷдиду сохтмони роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла Таҷдид ва барқарорсозии роҳи Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Оқои Завқизода қайд кардааст, ки Роҳи автомобилгарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ як ҷузъи шоҳроҳи байналмилалӣ буда, барои баромадан ба роҳҳои кишварҳои хориҷӣ шароити хуб фароҳам меоварад.
“Роҳи автомобилгарди мазкур аҳамияти калони иқтисодию иҷтимоӣ дошта, барои рушди мусофиркашонию боркашонӣ, тиҷорати наздисарҳадӣ, рушди сайёҳӣ, паст намудани нархи молу маҳсулот ва хизматрасониҳои нақлиётӣ мусоидат менамояд”,- зикр кард вазири тоҷик.
Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои маблағгузорӣ ба дигар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ низ баррасӣ гардиданд.
Зикр гардидааст, ки ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.