Аз гулханафрӯзӣ то поксозӣ: Давлаталӣ Саид анъанаҳои Садаро гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевПраздник Сада
Праздник Сада - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2023
Обуна шудан
Иҷрокунандаи вазифаи раиси Хатлон ҷашни Садаро, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 30 январ таҷлилл мешавад, барои сокинони вилоят шодбош гуфтааст
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Ҳамасола мардуми Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада дар баробари гулханафрӯзию омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, созандагиро вусъат мебахшанд.
Ин нуктаро иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон, Давлаталӣ Саид дар паёми шодбошияш ба сокинон баён доштааст, ки матни онро рӯзномаи расмии вилоят нашр кард.
Ӯ таъкид намудаст, ки бар асоси анъана сокинон дар ин ҷашн ҳамчунин аз ҳавлию хонаҳо ашёҳои нодаркорро берун карда, ба тозаву озода гардонидани манзилу гирду атроф машғул мешаванд.
"Аз гузаштагон анъанаи хубе то имрӯз боқӣ мондааст, ки тоҷикон суфраи ҷашни Садаро бо гузоштани меваҷот, донагиҳо, хушкмеваҳо, тайёр кардани шарбат ва хӯрокиҳои дигар аз анвои орди гандумӣ, ҷавӣ, нахӯдӣ оро медиҳанд" - афзуд Давлаталӣ Саид.
Выставочное панно по случаю празднования Сада - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2023
Содироти маҳсулоти кишоварзии Хатлон ба ҳафт кишвари ҷаҳон
Ташкили намоиш-фурӯши ниҳолу дарахтон, гулу гулбуттаҳо, омода кардани техникаи кишоварзӣ, яке аз унсурҳои дигари иди Сада ба шумор рафта, ба ин васила мардум ба корҳои саҳроӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ шурӯъ мекунанд.
Ба иттилои мақомоти Хатлон, кишоварзони вилоят ҳаҷми умумии солонаи маҳсулоти кишоварзиро ба зиёда аз 26 млрд сомонӣ расондаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 1,6 млрд сомонӣ зиёдтар аст.
Раис изҳори боварӣ намудаст, ки дар соли ҷорӣ низ кишоварзони вилоят аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, дар соли 2023 низ ба комёбиҳои назарраси соҳа ноил мегарданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҷашни Сада расман аз соли 2018 ба ин сӯ таҷлил гардида, дар қонунгузории икшвра рӯзи ҷашни он 30 январ муқаррар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0