Дар Хатлон ба нафту газӣ худӣ умед доранд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкРабота нефтяных станков - качалок
Работа нефтяных станков - качалок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2023
Обуна шудан
Дар сурати анҷоми хуби корҳои ҷустуҷӯӣ - геологӣ бахши нафту газ дар Хатлон рушд хоҳад карду талабот ба ин маҳсулот аз ҳисоби тавлидоти худӣ қонеъ мегардад
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон, Давлаталӣ Саид бо директори филиали Корпоратсияи миллии нафту гази Чин дар Тоҷикистон, Ли Бинг густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, Давлаталӣ Саид бо Ли Бинг ба масъалаҳои амалишавии Созишнома оид ба тақсимоти маҳсулот вобаста ба корҳои ҷустуҷӯӣ–геологӣ дар майдонҳои нафту газ дар вилоят таваҷҷуҳ карданд.
Ли Бинг қайд кард, ки дар ҳолати хуб ба анҷом расидани корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ, ба рушди соҳаи нафту гази ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ бахшида хоҳад шуд.
"Дар мулоқот имкониятҳои сармоягузорӣ, заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият дар Тоҷикистон шарҳ дода шуд", - омадааст дар иттилоияи мақомоти Хатлон.
Нефтепродукты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2022
Воридот зиёду қимат боло: маълум шуд, ки Тоҷикистон чӣ қадар нафт харидааст?
Ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандияшро ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ ва ҷалби ширкатҳои чинӣ ба раванди саноаткунонии босуръати кишвар баён доштаст.
Ин дар ҳолест, ки феълан дар масъалаи нафту газ Тоҷикистон пойбанди маҳсулоти воридотӣ буда, гази табииро аз Ӯзбекистон, гази моеъро аз Қазоқистон ва маҳсулоти нафтиро асосан аз Русия дастрас мекунад.
Мақомоти тоҷик солҳои охир азм доранд, ки пойбандиро аз хориҷа коҳиш диҳанду тавлиди ин навъи маҳсулотро дар дохил афзоиш диҳанд. Аз ҷумла дар Данғара корхонаи коркарди нафту газ бунёд шудааст, аммо ҳанӯз ҷаҳише дар ин бахш дида намешаванд.
Лентаи хабарҳо
0