https://sputnik.tj/20221215/voridot-qimat-tojikiston-naft-kharid-1053544434.html
Воридот зиёду қимат боло: маълум шуд, ки Тоҷикистон чӣ қадар нафт харидааст?
Воридот зиёду қимат боло: маълум шуд, ки Тоҷикистон чӣ қадар нафт харидааст?
Sputnik Тоҷикистон
Ҷумҳури маҳсулоти нафтиро нисбат ба як соли қаблӣ ба ҳисоби миёна 224 доллар гаронтар харидааст, ки ин дар бозори дохилӣ низ беасар набуд
2022-12-15T14:51+0500
2022-12-15T14:51+0500
2022-12-15T14:51+0500
дар тоҷикистон
воридот
нафт
гази моеъ
бензин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101522/50/1015225014_0:49:3072:1777_1920x0_80_0_0_0343639b37fc6e2eab15202eb5179202.jpg
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Тоҷикистон воридоти нафт аз кишварҳои хориҷро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додааст.Бино ба омори Хадамоти гумрук, тайи 11 моҳи соли ҷорӣ кишвар 711,7 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кардааст.Ҷумҳури барои хариди ин миқдор маводи сӯхт 622 миллион 460 ҳазор доллар бо нархи миёнаи 875 доллар масраф кардааст.Воридоти ин маҳсулот ба кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 157,79 ҳазор тонна зиёд буда, нархи миёнаи воридот 224 доллар ё ба андозаи 34,4 фоиз баланд гардидааст.Дар ин давра Тоҷикистон 350,58 ҳазор тонна сӯзишвории дизелиро бо арзиши 305,68 миллион доллар ва 293,24 ҳазор тонна бензинро бошад бар ивази 231,4 миллион доллар харидааст.Ёдовар мешавем, ки кишвар маводи сӯхтро асосан аз Русия ворид мекунад, ки ҳисса он дар соли ҷорӣ ба 87,8% мерасад. Дар ҷойи дуввум Туркманистон меистад, ки 5,5% воридот ба он рост меояд.Ҳамчунин дар воридоти маъсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ҳиссаи Беларус 2,6%, Қазоқистон 2,2%, Ӯзбекистон 0,9% буда, боқимонда 0,9 фоиз ба дигар давлатҳо рост меояд.Дар миёни ширкатҳое, ки дар ин самт фаъолият доранду ба воридот машғуланд, корхонаҳои "Фароз", "Газпром", "Сеганҷ", "Газойл", "Суғднефт", "Роҳи Сомон" мебошанд.
https://sputnik.tj/20221130/rusiya-suzishvori-imtiyoz-tojikiston-beshtar-1053159270.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101522/50/1015225014_199:0:2930:2048_1920x0_80_0_0_56e94a277621f51eacad3894a6357009.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон нафт бензин газ воридот
тоҷикистон нафт бензин газ воридот
Воридот зиёду қимат боло: маълум шуд, ки Тоҷикистон чӣ қадар нафт харидааст?
Ҷумҳури маҳсулоти нафтиро нисбат ба як соли қаблӣ ба ҳисоби миёна 224 доллар гаронтар харидааст, ки ин дар бозори дохилӣ низ беасар набуд
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Тоҷикистон воридоти нафт аз кишварҳои хориҷро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додааст.
Бино ба омори Хадамоти гумрук, тайи 11 моҳи соли ҷорӣ кишвар 711,7 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кардааст.
Ҷумҳури барои хариди ин миқдор маводи сӯхт 622 миллион 460 ҳазор доллар бо нархи миёнаи 875 доллар масраф кардааст.
Воридоти ин маҳсулот ба кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 157,79 ҳазор тонна зиёд буда, нархи миёнаи воридот 224 доллар ё ба андозаи 34,4 фоиз баланд гардидааст.
Дар ин давра Тоҷикистон 350,58 ҳазор тонна сӯзишвории дизелиро бо арзиши 305,68 миллион доллар ва 293,24 ҳазор тонна бензинро бошад бар ивази 231,4 миллион доллар харидааст.
Ёдовар мешавем, ки кишвар маводи сӯхтро асосан аз Русия ворид мекунад, ки ҳисса он дар соли ҷорӣ ба 87,8% мерасад. Дар ҷойи дуввум Туркманистон меистад, ки 5,5% воридот ба он рост меояд.
Ҳамчунин дар воридоти маъсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ҳиссаи Беларус 2,6%, Қазоқистон 2,2%, Ӯзбекистон 0,9% буда, боқимонда 0,9 фоиз ба дигар давлатҳо рост меояд.
Дар миёни ширкатҳое, ки дар ин самт фаъолият доранду ба воридот машғуланд, корхонаҳои "Фароз", "Газпром", "Сеганҷ", "Газойл", "Суғднефт", "Роҳи Сомон" мебошанд.