https://sputnik.tj/20230126/zakharova-gharb-jang-rusiya-peshaki-tarhrezi-1054493347.html
Захарова: Ғарб "ҷанг алайҳи Русия"-ро пешакӣ тарҳрезӣ карда буд
Захарова: Ғарб "ҷанг алайҳи Русия"-ро пешакӣ тарҳрезӣ карда буд
Sputnik Тоҷикистон
Изҳороти намояндагони Олмон шаҳодат медиҳанд, ки амалиёти ҳозираи давлатҳои Ғарб ба муқобили Русия ба иқдомоти пешакӣ пешбинишуда монанд аст
2023-01-26T10:22+0500
2023-01-26T10:22+0500
2023-02-08T19:46+0500
ғарб
мария захарова
сиёсат
ҷанг
нақша
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/03/1043265232_0:0:3108:1748_1920x0_80_0_0_1a3ca821f26f781bef0dcd448c69d203.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Изҳороти вазири хориҷаи Олмон Анналена Бербок ва садри аъзами собиқи Олмон Ангела Меркел нишон медиҳад, ки Ғарб ҷанги зидди Русияро пешакӣ тарҳрезӣ кардааст. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар Telegram-каналаш навиштааст. Захарова дар навиштааш аз баромади Бербок дар нишасти парлумони Шӯрои Аврупо, ки рӯзи 24 январ доир шуд, иқтибос овардааст, ки дар он вазири хориҷаи Олмон мегӯяд, агар Аврупо "бозии ангушт ба сӯи дигарон"-ро идома диҳад, Русия ва президенти он Владимир Путин дар муноқишаи Украина пирӯз хоҳанд шуд. Ба гуфтаи вай, агар кишварҳои аврупоӣ ба Украина силоҳ надиҳанд, пас ин "танҳо бо тақсими Аврупо" анҷом меёбад. Тавре Захарова қайд кард, агар мо ба ин ифшогариҳои Меркелро дар бораи таҳкими Украина бидуни умед ба созишномаҳои Минск илова кунем, пас айнан дар бораи "ҷанги пешакӣ тарҳрезишуда алайҳи Русия" сухан меравад. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия баъдан хост, нагӯянд, ки мо "нашунидааем". Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки аз изҳороти собиқ садриаъзами Олмон ноумед шудааст. Вай таъкид кард, ки Русия бо роҳандозии амалиёти вижа кори дуруст кард, зеро ҳеҷ кас тавофуқоти Минскро иҷро карданӣ нест.
https://sputnik.tj/20230125/olmon-intikhob-kard-siyosat-1054471772.html
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/03/1043265232_377:0:3108:2048_1920x0_80_0_0_882b43f6f2a007e9aeba9f3dee51aa70.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
захарова ғарб ҷанг русия пешакӣ тарҳрезӣ
захарова ғарб ҷанг русия пешакӣ тарҳрезӣ
Захарова: Ғарб "ҷанг алайҳи Русия"-ро пешакӣ тарҳрезӣ карда буд
10:22 26.01.2023 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Изҳороти намояндагони Олмон шаҳодат медиҳанд, ки амалиёти ҳозираи давлатҳои Ғарб ба муқобили Русия ба иқдомоти пешакӣ пешбинишуда монанд аст
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Изҳороти вазири хориҷаи Олмон Анналена Бербок ва садри аъзами собиқи Олмон Ангела Меркел нишон медиҳад, ки Ғарб ҷанги зидди Русияро пешакӣ тарҳрезӣ кардааст.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар Telegram-каналаш навиштааст.
Захарова дар навиштааш аз баромади Бербок дар нишасти парлумони Шӯрои Аврупо, ки рӯзи 24 январ доир шуд, иқтибос овардааст, ки дар он вазири хориҷаи Олмон мегӯяд, агар Аврупо "бозии ангушт ба сӯи дигарон"-ро идома диҳад, Русия ва президенти он Владимир Путин дар муноқишаи Украина пирӯз хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи вай, агар кишварҳои аврупоӣ ба Украина силоҳ надиҳанд, пас ин "танҳо бо тақсими Аврупо" анҷом меёбад.
Тавре Захарова қайд кард, агар мо ба ин ифшогариҳои Меркелро дар бораи таҳкими Украина бидуни умед ба созишномаҳои Минск илова кунем, пас айнан дар бораи "ҷанги пешакӣ тарҳрезишуда алайҳи Русия" сухан меравад.
Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия баъдан хост, нагӯянд, ки мо "нашунидааем".
Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки аз изҳороти собиқ садриаъзами Олмон ноумед шудааст.
Вай таъкид кард, ки Русия бо роҳандозии амалиёти вижа кори дуруст кард, зеро ҳеҷ кас тавофуқоти Минскро иҷро карданӣ нест.