https://sputnik.tj/20211231/avtovaz-rusiya-voridi-bozori-tojikiston-meshavad-1044557402.html
“АвтоВАЗ”-и Русия вориди бозори Тоҷикистон мешавад
“АвтоВАЗ”-и Русия вориди бозори Тоҷикистон мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ширкатҳои мошинсозӣ аз ҷумла “Автоваз”-и Русия омодаи тавлиди муштарак дар Тоҷикистон ҳастанд
2021-12-31T18:40+0500
2021-12-31T18:40+0500
2021-12-31T18:40+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
таъсис
ширкати "автоваз"
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101885/15/1018851556_0:175:3029:1879_1920x0_80_0_0_29ec0ff0cbe1fb3ba5cd683cde6c0cc5.jpg
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Ба гуфтаи намояндаи тиҷоратии Русия, Чин дар ин бозор ҳамчунон пешсаф аст, аммо тавлидкунандагони Русия тамоми имкони пешниҳоди маҳсулоти рақобатпазирро доранд.Ширкатҳои бонуфузи мошинсозии Русия тасмим доранд, дар Тоҷикистон марказҳои дилери таъсис диҳанд то дар оянда ба тавлиди таҷҳизот дар дохили ин ҷумҳурӣ даст зананд, иттилоъ додааст дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков.“Беҳтарин холдинги саноатӣ дар Русия “Гурӯҳи муттаҳидшудаи мошинсозӣ”-и истеҳсоли таҷҳизоти махсус аллакай бо корхонаи тоҷикистонии ҶДММ “Ремспецмаш” созиш кардаанд ва омоданд дар ҷумҳурӣ барои фурӯш ва нигоҳдории таҷҳизот маркази дилерӣ таъсис диҳанд. Дар оянда нақша доранд корхонаи бузурги васлкунӣ таъсис ёбад”, — гуфт Коренков.Ба гуфтаи намояндаи тиҷорати Русия, Чин дар ин бозор ҳамчунон пешсаф аст, аммо истеҳсолкунандагони Русия тамоми имкони пешниҳоди маҳсулоти рақобатпазирро доранд.Вай ҳамчунин ба таваҷҷуҳи ширкати русии "Ростсельмаш" барои таъмини техникаи кишоварзӣ ба Тоҷикистон, ки беш аз 50 дарсади аҳолии ин кишвар ба соҳаи кишоварзӣ машғул аст, ки маҳсулоташ 30 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад, ишора кард."Ин бузургтарин соҳаест, ки парки техникаҳои кишоварзӣ фарсуда шудааст ва аз ин рӯ талафоти зиёди ҳосил сурат мегирад", - афзуд Коренков.Вай инчунин дигар лоиҳаҳоро дар соҳаи мошинсозӣ, ки дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд, шарҳ дод.Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаи интиқоли техникаи коммуналӣ аз Русия ба хоҷагии коммуналии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ ва хадамоти оташнишонӣ фаъолона таблиғ мешавад.Вай қайд кард, ки ин муҳим аст, зеро Тоҷикистон ягона кишвари ИДМ буд, ки дар он фурӯшгоҳи ин корхона вуҷуд надошт.
https://sputnik.tj/20211230/korenkov-sababi-afzoishi-savdo-tojikiton-rusiya-1044535965.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101885/15/1018851556_60:0:2789:2047_1920x0_80_0_0_8a9a84e6cb77fe32beacae0cdc043387.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, автоваз, корхона, муштарак, таъсис
тоҷикистон, русия, автоваз, корхона, муштарак, таъсис
“АвтоВАЗ”-и Русия вориди бозори Тоҷикистон мешавад
Ширкатҳои мошинсозӣ аз ҷумла “Автоваз”-и Русия омодаи тавлиди муштарак дар Тоҷикистон ҳастанд
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Ба гуфтаи намояндаи тиҷоратии Русия, Чин дар ин бозор ҳамчунон пешсаф аст, аммо тавлидкунандагони Русия тамоми имкони пешниҳоди маҳсулоти рақобатпазирро доранд.
Ширкатҳои бонуфузи мошинсозии Русия тасмим доранд, дар Тоҷикистон марказҳои дилери таъсис диҳанд то дар оянда ба тавлиди таҷҳизот дар дохили ин ҷумҳурӣ даст зананд, иттилоъ додааст дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков.
“Беҳтарин холдинги саноатӣ дар Русия “Гурӯҳи муттаҳидшудаи мошинсозӣ”-и истеҳсоли таҷҳизоти махсус аллакай бо корхонаи тоҷикистонии ҶДММ “Ремспецмаш” созиш кардаанд ва омоданд дар ҷумҳурӣ барои фурӯш ва нигоҳдории таҷҳизот маркази дилерӣ таъсис диҳанд. Дар оянда нақша доранд корхонаи бузурги васлкунӣ таъсис ёбад”, — гуфт Коренков.
Ба гуфтаи намояндаи тиҷорати Русия, Чин дар ин бозор ҳамчунон пешсаф аст, аммо истеҳсолкунандагони Русия тамоми имкони пешниҳоди маҳсулоти рақобатпазирро доранд.
Вай ҳамчунин ба таваҷҷуҳи ширкати русии "Ростсельмаш" барои таъмини техникаи кишоварзӣ ба Тоҷикистон, ки беш аз 50 дарсади аҳолии ин кишвар ба соҳаи кишоварзӣ машғул аст, ки маҳсулоташ 30 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад, ишора кард.
"Ин бузургтарин соҳаест, ки парки техникаҳои кишоварзӣ фарсуда шудааст ва аз ин рӯ талафоти зиёди ҳосил сурат мегирад", - афзуд Коренков.
Вай инчунин дигар лоиҳаҳоро дар соҳаи мошинсозӣ, ки дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд, шарҳ дод.
Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаи интиқоли техникаи коммуналӣ аз Русия ба хоҷагии коммуналии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ ва хадамоти оташнишонӣ фаъолона таблиғ мешавад.
“Дар ояндаи наздик фурӯшгоҳи “Автоваз” дар Душанбе ифтитоҳ мешавад, гуфтушунидҳо аллакай сурат гирифтаанд”, - гуфт Коренков
Вай қайд кард, ки ин муҳим аст, зеро Тоҷикистон ягона кишвари ИДМ буд, ки дар он фурӯшгоҳи ин корхона вуҷуд надошт.