"Сомон Эйр" парвозҳо ба Теҳронро оғоз мекунад: ҷадвали сафар

CC BY-SA 2.0 / Anna Zvereva / Somon Air, P4-SOM, Boeing 737-93Y ERСамолет авиакомпании Somon Air
Самолет авиакомпании Somon Air - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2023
Обуна шудан
Қарор аст, дар рӯзҳои наздик хатсайри парвозҳо аз Душанбе ба пойтахти Эрон оғоз шавад. Ҳавопаймоҳо ҳафтае як маротиба парвоз мекунанд
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвозҳо ба пойтахти Эрон хабар дод.
Қарор аст, нахустин парвоз ба Теҳрон 31 январи соли 2023 анҷом шавад.
Тибқи ҷадвали ин рӯз, ҳавопаймо бояд соати 17:30 аз Душанбе парвоз кунад, масири бозгашт аз Теҳрон соати 20:20 (бо вақти маҳаллӣ) оғоз мешавад.
Аз 10 феврал хатсайри ҳавоии Душанбе-Теҳрон ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа сурат мегирад.
Самолет L410 UVP-E20 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Музокироти Тоҷикистону ширкати “Омнипол” барои хариди ҳавопаймоҳои хурди мусофирбар
Парвоз аз Душанбе — соати 14.30, аз Теҳрон — соати 17.20 ба вақти маҳаллӣ сурат мегирад.
Вақти сафар аз пойтахти Тоҷикистон то шаҳри Эрон 2 соату 50 дақиқа ва дар самти муқобил 2 соату 20 дақиқа хоҳад буд.
Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва -900 анҷом дода мешаванд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ширкати "Сомон Эйр" барои харидории ҳавопаймоҳои нав гуфтушунид дорад.
Ҳавопаймоҳои хурди L-410 Turbolet барои интиқоли мусофирон бояд дар дохили Тоҷикистон харидорӣ шаванд, ки гуфта мешавад, барои кишвар хеле мусоид аст.
Лентаи хабарҳо
0