Музокироти Тоҷикистону ширкати “Омнипол” барои хариди ҳавопаймоҳои хурди мусофирбар

CC BY-SA 3.0 / Stradalova / Let L-410 TurboletСамолет L410 UVP-E20
Самолет L410 UVP-E20 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе роҳбарияти Ширкати “Омнипол”-и Чехия ҳолати техникии ҳавопаймоҳои хурдҳаҷми L410 UPV ва L410NG ба мақомоти Тоҷикистон муаррифӣ кард
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Дар Душанбе ба мақомоти Тоҷикистон ҳолати техникии ҳавопаймоҳои хурдҳаҷми L410 UPV ва L410NG, ки дар Чехия истеҳсол мешаванд, рӯнамоӣ гардид, иттилоъ додааст Вазорати нақлиёти кишвар.
Муаррифии ҳавопаймоҳои мазкур зимни мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ноиби президенти ширкати “Омнипол”-и Чехия Джозеф Пига, ки ахиран дар Вазорати нақлиёти кишвар баргузор гардид, сурат гирифт.
Намояндагони ширкати “Омнипол” иброз доштааст, ки ҳавопаймоҳои мазкур аз барои бехатарӣ дар сатҳи баланд қарор дошта, барои мусофиркашонӣ ва интиқоли бор дар қаламрави Тоҷикистон мусоид мебошанд.
Самолёт Boeing 737-800 компании Сомон Эйр
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2022
"Сомон Эйр" боз як ҳавопаймои нав гирифт
Дар ҳамин ҳол, муовини директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Азиз Набизода, ки дар ин мулоқот ҳузур дошт, омодагии Агентиро барои идомаи гуфтушунид ва ҳамкории минбаъда бо ин ширкат иброз намуд.
Ёдовар мешавем, ки фаъолияти ширкати “Омнипол” дастрас намудани таҷҳизоти авиатсонӣ ва ҳавопаймоҳои хурдҳаҷми L410 UPV ва L410NG барои парвозҳои маҳаллӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0