https://sputnik.tj/20230126/vazorat-zahroludshavi-sokin-khatlon-qurutobro-rad-1054496745.html
Вазорат расман заҳролудшавии 48 сокини Хатлон аз қурутобро рад кард
Вазорат расман заҳролудшавии 48 сокини Хатлон аз қурутобро рад кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазъи саломатии сокиноне, ки гуфта мешуд, аз истеъмоли қурутоб заҳролуд шудаанд, дар ҳолати хуб буда, зери назорати табибони оилавӣ қарор доранд
2023-01-26T12:02+0500
2023-01-26T12:02+0500
2023-01-26T12:06+0500
дар тоҷикистон
вазорати тандурустии ҷт
заҳролудшавӣ
шамсиддини шоҳин
қурутоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/19/1054466393_0:56:600:394_1920x0_80_0_0_31bbfffc7aed56df40f749e45177886c.jpg
ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон вазъи 48 сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро, ки пас аз истеъмоли қурутоб заҳролуд шуданд, шарҳ додБа гузориши ин ниҳод, натиҷаи таҳлилҳои озмоишгоҳӣ нишон дод, ки шаҳрвандон ба ягон ҳолати заҳролудшавӣ мубтало нашудаанд. Ба иттилои ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 24 январ дар ҷамоати деҳоти Чаган, деҳаи Чагани нави ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон соати 8-и субҳ пас аз истеъмоли хӯроки қурутоб сар заад, 48 нафар сокини деҳаи мазкур дар худ дилбеҳузурӣ ҳис намуданд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ 24 нафари онҳо ба Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб ва 24 нафари дигарашон ба Беморхонаи рақамии ҷамоати деҳоти мазкур бистарӣ гардиданд.Гуфта мешавад, ки ҳангоми ворид шудани беморон ба беморхонаҳо ҳолати онҳо нисбатан қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар миёни онҳо хушбахтона беморони вазнин набуд.Аммо новобаста аз ин, тибқи супориши вазири тандурустӣ сармутахассисони соҳавии вазорат аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи мазкур сафарбар карда шуданд.Беморон бошанд, пас аз як шабонарӯз дар беморхонаҳо таҳти назорати табибон қарор гирифта, санаи 25 январи соли равон дар ҳолати қаноатбахш ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.Ҳоло ин сокинон таҳти назорати табибони оилавӣ қарор доранд, афзудааст вазорат.
https://sputnik.tj/20230121/margi-fojiabori-padaru-pisar-dar-nohiyai-khuroson-1054386271.html
шамсиддини шоҳин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/19/1054466393_0:0:600:450_1920x0_80_0_0_063ec28a2c6b588796f9472f0e5dca84.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорат заҳролудшавӣ сокинон хатлон қурутоб
вазорат заҳролудшавӣ сокинон хатлон қурутоб
Вазорат расман заҳролудшавии 48 сокини Хатлон аз қурутобро рад кард
12:02 26.01.2023 (Навсозишуда: 12:06 26.01.2023) Вазъи саломатии сокиноне, ки гуфта мешуд, аз истеъмоли қурутоб заҳролуд шудаанд, дар ҳолати хуб буда, зери назорати табибони оилавӣ қарор доранд
ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон вазъи 48 сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро, ки пас аз истеъмоли қурутоб заҳролуд шуданд, шарҳ дод
Ба гузориши ин ниҳод, натиҷаи таҳлилҳои озмоишгоҳӣ нишон дод, ки шаҳрвандон ба ягон ҳолати заҳролудшавӣ мубтало нашудаанд.
"Танҳо истеъмоли аз ҳад зиёди равғани зард дар қурутоб боиси дилбеҳузурии шаҳрвандон гардидааст", - афзудааст манбаъ.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 24 январ дар ҷамоати деҳоти Чаган, деҳаи Чагани нави ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон соати 8-и субҳ пас аз истеъмоли хӯроки қурутоб сар заад, 48 нафар сокини деҳаи мазкур дар худ дилбеҳузурӣ ҳис намуданд.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ 24 нафари онҳо ба Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб ва 24 нафари дигарашон ба Беморхонаи рақамии ҷамоати деҳоти мазкур бистарӣ гардиданд.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми ворид шудани беморон ба беморхонаҳо ҳолати онҳо нисбатан қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар миёни онҳо хушбахтона беморони вазнин набуд.
Аммо новобаста аз ин, тибқи супориши вазири тандурустӣ сармутахассисони соҳавии вазорат аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи мазкур сафарбар карда шуданд.
Беморон бошанд, пас аз як шабонарӯз дар беморхонаҳо таҳти назорати табибон қарор гирифта, санаи 25 январи соли равон дар ҳолати қаноатбахш ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Ҳоло ин сокинон таҳти назорати табибони оилавӣ қарор доранд, афзудааст вазорат.