Човушоғлу: Музокирот дар мавриди густариши НАТО бемаъне аст

© Sputnik / Нина Зотина / Гузариш ба медиабонкГлава МИД Турции Мевлют Чавушоглу, архивное фото
Глава МИД Турции Мевлют Чавушоглу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2023
Обуна шудан
Шароити кунунӣ ба эҳтимоли зиёд фазои муносибе барои музокирот эҷод намекунад ва Шветсия гоми ҷиддӣ барои иҷрои муфоди ин тафоҳумнома бар надоштааст
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Туркия Мавлуд Човушоғлу эълом кард, ки мехонизми се ҷониба миёни Туркия, Шветсия ва Финландия барои узвият дар НАТО дар ҳоли ҳозир маънӣ надорад ва ба ҳамин далел ба таъвиқ афтодааст.
Равобити Шветсия ва Туркия пас аз тазоҳуроти чанд рӯзаи ахир дар Стокҳолм ва сӯзондани Қуръон тавассути раҳбари ҳизби ростгарои Данморк "давраи сахт" пас аз дарёфт муҷаввиз аз мақомоти Шветсия барои баргузории тазоҳурот бадтар шудааст.
Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон эълом кард, ки Шветсия набояд рӯйи ҳимояти Туркия барои пайвастан ба НАТО ҳисоб кунад.
Тибқи гузоришоти як манбаи дипломотик музокироти се ҷонибаи миёни Туркия, Шветсия ва Финландия ба дархости Анқара ба таъвиқ афтодааст.
Празднование Дня независимости Латвии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Дабири кулли НАТО гуфт, барои чӣ ба Киев танк лозим аст
Човушоғлу дар як конфаронси хабарӣ бо ҳамкори Сербиаш дар Анқара гуфт: "дар ин шароити музокироти се ҷониба бе фоида аст. Ҳадаф аз ин механизм чист? ки ба мавқе ба тавофуқнома амал кунем аммо шароити кунунӣ ба эҳтимоли зиёд фазои муносибе барои музокира эҷод намекунад. Шветсия гомии ҷаддӣ барои иҷрои муфоди ин тафоҳумнома барнадошта аст, онҳо ба далоил мухталиф мегуянд, дар ҳоли тағйири қавонини қонуни асосӣ ҳастанд. Бинобарин, дар ҳоли ҳозири ҳеҷ нуқтае дар амалкарди механизм вуҷуд надорад".
Финландия ва Шветсия пас аз оғози амалиёти вижаи Низомии Русия дар Украина, дархостҳои худро барои пайвастан ба иттиҳод ба дабирикули НАТО ироа карданд.
Дар ҳоли ҳозир, дархостҳои Шветсия ва Финландия дар НАТО танҳо ду кишвар аз 30 кишварро тасвиб накардаанд – Венгрия ва Туркия.
Лентаи хабарҳо
0