https://sputnik.tj/20230124/dabiri-kulli-nato-kiev-tank-lozim-1054443213.html
Дабири кулли НАТО гуфт, барои чӣ ба Киев танк лозим аст
Дабири кулли НАТО гуфт, барои чӣ ба Киев танк лозим аст
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли НАТО ахиран дар нишасти матбуотӣ эълон кард, ки ба Украина танкҳо барои баргардонидани қаламрави худ аз дасти Русия лозим аст
2023-01-24T17:35+0500
2023-01-24T17:35+0500
2023-02-08T19:46+0500
дар русия
донбасс
украина
танк
нато
йенс столтенберг
дабири кулли нато
киев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054442889_0:0:3019:1699_1920x0_80_0_0_f0ecc94957b902f6e6ecc0b99647c56e.jpg
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Ҳоло Ғарб бояд ба Украина силоҳҳои муоссир ва сангин, аз ҷумла танкҳо диҳад. Ин иқдом на танҳо барои дифои худ, балки барои "баргардонидани қаламравҳо" аз даст дода аст диҳад, гуфт Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”."Русия ҳуҷумҳои нав омода дорад... Аз ин рӯ, мо бояд силоҳҳои вазнинтар ва муосиртар диҳем, то нерӯҳои Украина ба нерӯҳои Русия муқовимат кунанад. Ин иқдом на танҳо барои зинда мондани давлат, балки барои ғалаба кардан, баргардонидани қаламравҳо, ҳамчунин ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва мустақил боқӣ мондани ҳамчун кишвари аврупоӣ равона шудааст", - гуфт ӯ.Дабири кулли НАТО дар як нишасти хабарии муштарак дар Берлин бо вазири дифои Олмон Борис Писториус изҳори итминон кард, ки кишварҳои ғарбӣ ба зудӣ дар мавриди интиқоли танкҳо ба Украина ба созиш мерасанд.Русия қаблан ба далели интиқоли силоҳ ба Украина ба кишварҳои НАТО нота фиристода буд.Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, хар як техникаи низомӣ ва ёрирасони душман, ва ҳар иншооте, ки ба зерсохтори низомӣ тааллуқ доранд, инчунин зерсохторҳои шаҳрвандӣ, ки ба расидан ба ҳадафҳои низоми мусоидат мекунанд, ҳадафи қонунӣ шуморида мешаванд.Вазари хориҷии Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков қайд кард, ки интиқоли силоҳ ба Украина аз тараи Ғарб ба пешрафти музокироти Русияву Украина мусоидат намекунад ва таъсири манфӣ мерасонад.
https://sputnik.tj/20230124/peskov-ravobit-rusiya-gharb-sathi-pointarin-1054441194.html
украина
киев
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054442889_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_848a8d1099d4daecba45489f1502494d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, нато, донбасс, дабири кулл, танк, киев, лозим, интиқол, баргардонидани қаламрав
русия, нато, донбасс, дабири кулл, танк, киев, лозим, интиқол, баргардонидани қаламрав
Дабири кулли НАТО гуфт, барои чӣ ба Киев танк лозим аст
17:35 24.01.2023 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Дабири кулли НАТО ахиран дар нишасти матбуотӣ эълон кард, ки ба Украина танкҳо барои баргардонидани қаламрави худ аз дасти Русия лозим аст
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Ҳоло Ғарб бояд ба Украина силоҳҳои муоссир ва сангин, аз ҷумла танкҳо диҳад. Ин иқдом на танҳо барои дифои худ, балки барои "баргардонидани қаламравҳо" аз даст дода аст диҳад, гуфт Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
"Русия ҳуҷумҳои нав омода дорад... Аз ин рӯ, мо бояд силоҳҳои вазнинтар ва муосиртар диҳем, то нерӯҳои Украина ба нерӯҳои Русия муқовимат кунанад. Ин иқдом на танҳо барои зинда мондани давлат, балки барои ғалаба кардан, баргардонидани қаламравҳо, ҳамчунин ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва мустақил боқӣ мондани ҳамчун кишвари аврупоӣ равона шудааст", - гуфт ӯ.
Дабири кулли НАТО дар як нишасти хабарии муштарак дар Берлин бо вазири дифои Олмон Борис Писториус изҳори итминон кард, ки кишварҳои ғарбӣ ба зудӣ дар мавриди интиқоли танкҳо ба Украина ба созиш мерасанд.
Русия қаблан ба далели интиқоли силоҳ ба Украина ба кишварҳои НАТО нота фиристода буд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, хар як техникаи низомӣ ва ёрирасони душман, ва ҳар иншооте, ки ба зерсохтори низомӣ тааллуқ доранд, инчунин зерсохторҳои шаҳрвандӣ, ки ба расидан ба ҳадафҳои низоми мусоидат мекунанд, ҳадафи қонунӣ шуморида мешаванд.
Вазари хориҷии Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".
Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков қайд кард, ки интиқоли силоҳ ба Украина аз тараи Ғарб ба пешрафти музокироти Русияву Украина мусоидат намекунад ва таъсири манфӣ мерасонад.