Бозгашти гармиҳо: пешгӯии дамои ҳаво дар Тоҷикистон

Улица в городе Душанбе зимой
Улица в городе Душанбе зимой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2023
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон мизони гармии ҳаво майли бозгашт дорад. Пас аз сардиҳои ахир ҳамакнун дар кишвар то 8 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Ҳавосанҷон дар Тоҷикистон ҳавои абрӣ, аммо бидуни боришотро пешгӯӣ кардаанд.
Ба гузориши Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ дар ВМКБ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши сусти барф ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11-16 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят сардии ҳаво шабона 22-27 ва рӯзона 13-18 дараҷа дар назар дошта шудааст.
Суғдро бошад ҳавои бебориш фаро гирифта, танҳо дар баъзе навоҳӣ тормеғ пешгӯӣ мешавад.
Заснеженные горы в окрестностях города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2023
Маълум шуд, ҳавои рӯзҳои охири моҳи январ дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад
Ҳаво дар водиҳои вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17 дараҷа ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мегардад.
Хатлониёнро низ ҳавои бебориш, аммо сокинони баъзе навоҳии минтақаро тормеғ интизор аст.
Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ ҳавои беборишу абрӣ интизор буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа хунук, рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0