Маълум шуд, ҳавои рӯзҳои охири моҳи январ дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад

© Sputnik Заснеженные горы в окрестностях города Душанбе
Заснеженные горы в окрестностях города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2023
Обуна шудан
Авохири моҳи январ, ҳарорати ҳаво дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то 16 араҷа, дар Суғд то 11 дараҷа, дар Хатлон то 10 дараҷа ва Душанбе то 4 дараҷа хунук мешавад
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Ҳавошиносон мегӯяд, рӯзҳои охири моҳи январ бебориш шуда, танҳо 29 январ дар ноҳияҳои доманакӯҳ борони суст меборад.
Ҳаво рӯзона дар мамлакат то 8 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба Ожонси ҳавошиносӣ.
Ҳамин тавр, тибқи пешгӯӣ, дар шаҳри Душанбе аз 25 то 27 январ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Ҳаво шабона то 4 дараҷа сард ва рӯзона то 8 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеъ дар ин рӯзҳо бебориш мешавад, танҳо 29 январ дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барфи суст меборад.
Ҳаво дар водиҳо шабона то 6 дараҷа сард, рӯзона то 9 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 7 дараҷа хунук, рӯзона то 10 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона то 10 дараҷа хунук ва рӯзона то 8 дараҷа гарм мешавад.
Дар Ҳисор ду кӯдак зери яхи рӯди Хонақоҳ фурӯ рафтанд
Дар ин рӯзҳо, дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 11 дараҷа хунук, рӯзона то 5 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 16 дараҷа хунук ва рӯзона то 5 дараҷа хунук мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. 29 январ дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 16 ва рӯзона 5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 25 то 34 дараҷа ва рӯзона аз 12 то 18 дараҷа хунукшавӣ дар назар дошта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0