https://sputnik.tj/20230125/pisarbacha-besarobonmondai-tojik-vatan-1054486520.html
Писарбачаи бесаробонмондаи тоҷикро ба Ватан баргардонданд
Писарбачаи бесаробонмондаи тоҷикро ба Ватан баргардонданд
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан мақомоти додситонӣ ва умури дохилии Тоҷикистон аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи парвандаи модари ин кӯдакро хостанд, дар куштор муттааҳам мешавад
2023-01-25T21:20+0500
2023-01-25T21:20+0500
2023-01-25T21:20+0500
дар русия
сафорат
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
кӯдак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044710070_0:0:640:360_1920x0_80_0_0_911cdf695b90bf99b6e123c957f47323.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия писари ноболиғи зани тоҷикро, ки дар Маскав ба куштор муттаҳам мешавад, ба Тоҷикистон фиристод. Ба иттилои сафорат, писари зани гумонбар дар куштори ошпази тарабхона дар Митишии канори Маскав ҳамагӣ 8-сола буда, баъди боздошти модараш дар Маскав бесаробону сарпанощ монда буд. Зикр гардид, ки сафорат ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро омода намуда, барои фиристодани кӯдак ба назди хешу пайвандонаш дар Тоҷикистон мусоидат кард. “Қазияи муҳоҷирзани тоҷик таҳти пайгирии сафорат қарор дорад”, - омадааст дар хабарнома. Қаблан мақомоти додситонӣ ва умури дохилии Тоҷикистон аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи парвандаи модари ин кӯдакро хостанд, дар куштор муттаҳам мешавадПрокуратураи генералии Тоҷикистон аз прокуратураи генералии Русия дар робита ба боздошт шудани муҳоҷирзани тоҷик ба далели даст доштан дар ҷинояти одамкушӣ, талаб намуд, ки тафтиши холисона ва ҳаматарафаи қазияи мазкурро зери назорати худ гирад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, муттаҳам мавриди латукӯби шадиду таҳқир қарор гирифта, дар ҳимоя аз шаъну шарафаш ба ин кор даст задааст. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 4 январ дар тарабхонаи "Хинкалная Тбилисо", воқеъ дар шаҳри Митишии канори Маскав муҳоҷирзани тоҷик ошпази гурҷиро бо истифода аз корд ба ҳалокат расонд. ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин қазия хабар дод, ки ошпаз зани тоҷикро бераҳмона латукӯб карда, нисбаташ зӯроварии ҷисмонӣ раво дид ва шаъну шарафашро паст задаст.
https://sputnik.tj/20230110/rahimzoda-rusiya-qaziya-zan-tojiki-muttaham-kushtor-munsifona-taftish-1054091749.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044710070_30:0:510:360_1920x0_80_0_0_d504b76a8d41406545116b64a9b34b44.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафорат, кӯдак, бесаробон, тоҷик
сафорат, кӯдак, бесаробон, тоҷик
Писарбачаи бесаробонмондаи тоҷикро ба Ватан баргардонданд
Қаблан мақомоти додситонӣ ва умури дохилии Тоҷикистон аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи парвандаи модари ин кӯдакро хостанд, дар куштор муттааҳам мешавад
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия писари ноболиғи зани тоҷикро, ки дар Маскав ба куштор муттаҳам мешавад, ба Тоҷикистон фиристод.
Ба иттилои сафорат, писари зани гумонбар дар куштори ошпази тарабхона дар Митишии канори Маскав ҳамагӣ 8-сола буда, баъди боздошти модараш дар Маскав бесаробону сарпанощ монда буд.
Зикр гардид, ки сафорат ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро омода намуда, барои фиристодани кӯдак ба назди хешу пайвандонаш дар Тоҷикистон мусоидат кард.
“Қазияи муҳоҷирзани тоҷик таҳти пайгирии сафорат қарор дорад”, - омадааст дар хабарнома.
Қаблан мақомоти додситонӣ ва умури дохилии Тоҷикистон аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи парвандаи модари ин кӯдакро хостанд, дар куштор муттаҳам мешавад
Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз прокуратураи генералии Русия дар робита ба боздошт шудани муҳоҷирзани тоҷик ба далели даст доштан дар ҷинояти одамкушӣ, талаб намуд, ки тафтиши холисона ва ҳаматарафаи қазияи мазкурро зери назорати худ гирад.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, муттаҳам мавриди латукӯби шадиду таҳқир қарор гирифта, дар ҳимоя аз шаъну шарафаш ба ин кор даст задааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 4 январ дар тарабхонаи "Хинкалная Тбилисо", воқеъ дар шаҳри Митишии канори Маскав муҳоҷирзани тоҷик ошпази гурҷиро бо истифода аз корд ба ҳалокат расонд.
ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин қазия хабар дод, ки ошпаз зани тоҷикро бераҳмона латукӯб карда, нисбаташ зӯроварии ҷисмонӣ раво дид ва шаъну шарафашро паст задаст.