Раҳимзода аз Русия хост, қазияи зани тоҷики муттаҳам дар куштор мунсифона тафтиш шавад

© Sputnik Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2023
Обуна шудан
Муҳоҷирзани 36-солаи тоҷик ба он муттаҳам мешавад, ки дар яке аз қаҳвахонаҳои канори Маскав ҳамкори худ - ошпази гурҷиро бо корд ба қатл расонд
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Вазири умури дохилии Тоҷикистон ба қазияи зани тоҷик, ки дар Русия дар ҷинояти одамкушӣ муттаҳам дониста мешавад, дахолат намуд.
Дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон хабар медиҳад, ки вазири тоҷик унвонии ҳамтои руси худ, Владимир Колоколтсев барқия ирсол намудааст.
Дар барқия Раҳимзода аз вазири умури дохилии Русия дархост намуд, ки қазияи муҳоҷирзани тоҷик воқеъбинона баррасӣ шавад ва роҳбарияти ин ниҳод онро таҳти назорати худ қарор диҳад.
Посольство Республики Таджикистан в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Сафорат гуфт, қатли бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия то охир пайгирӣ мекунад
ВКД Тоҷикистон қазияи мазкурро чунин шарҳ дод, ки ошпази тарабхонаи "Хинкалная Тбилисо", воқеъ дар шаҳри Митишии канори Маскав муҳоҷирзани тоҷикро бераҳмона латукӯб карда, нисбаташ зӯроварии ҷисмонӣ раво дида, шаъну шарафашро паст задаст.
"Номбурда маҷбур шудааст барои муҳофизати худ бо истифода аз корд ӯро ба ҳалокат расонад", - омадааст дар хабарномаи ВУД
Ин ҳодиса рӯзи 4 январ рух дод ва ҳоло аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия тафтиши он идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0