https://sputnik.tj/20230125/muhojiron-rusiya-jinoyat-1054477813.html
Русия ба муҳоҷирон ниёз дорад
Русия ба муҳоҷирон ниёз дорад
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар Русия афзоиши ҷиноятҳои мухталиф, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содир шудааст, ба қайд гирифта шуд
2023-01-25T16:54+0500
2023-01-25T16:54+0500
2023-01-25T16:54+0500
муҳоҷират
дар русия
сарраёсати вкд-и русия
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044333751_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_fa1a9863a065f386d7fbe518f5a2b4a4.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Ҷинояткорӣ миёни шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия, дар соли гузашта 10,3% афзоиш ёфтааст. Дар ин бора, котиби давлатӣ - муовини вазири корҳои дохилӣ Игор Зубов дар ҷаласаи Думаи давлатӣ хабар дод. "Тибқи натоиҷи 12 моҳи соли 2022 аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ 40,2 ҳазор ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3% афзоиш ёфтааст", - гуфт Зубов. Ба гуфтаи ӯ, ин нишондод 3,9 дарсади ҷиноятҳои дар давоми сол содиршуда дар кишварро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин, Зубов қайд кард, ки Русия наметавонад аз хориҷиён "дар инзиво" бимонад, зеро ба онҳо ниёз дорад. "Русия як кишвари ниёзманди муҳоҷирон аст. Аз ин роҳи гурез нест... Мо наметавонем худро дар инзиво қарор диҳем", - изҳор дошт ӯ. Қаблан хабар дода шуд, ки шумори ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар 11 моҳи соли 2022 нисбат ба як соли қабл тақрибан 10% афзоиш ёфтааст.Назорати видеоии муҳоҷирон дар Русия пурзӯр мешавадҲамин тариқ, танҳо шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ҳудуди 30,4 ҳазор ҷиноят содир кардаанд. Ин назар ба як соли пеш 15,2 фоиз зиёд аст.
https://sputnik.tj/20230125/taghyirot-qonunguzori-muhojirat-rusiya-navgoni-1054460871.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044333751_216:0:2947:2048_1920x0_80_0_0_9065332e266ef6e3aa79fb7e9cb4e52d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, вкд русия,
Русия ба муҳоҷирон ниёз дорад
Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар Русия ҷиноятҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содир шуда зиёд шудааст, вале бо вуҷуди ин кишвар ба муҳоҷирон ниёз дорад
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Ҷинояткорӣ миёни шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия, дар соли гузашта 10,3% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора, котиби давлатӣ - муовини вазири корҳои дохилӣ Игор Зубов дар ҷаласаи Думаи давлатӣ хабар дод.
"Тибқи натоиҷи 12 моҳи соли 2022 аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ 40,2 ҳазор ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3% афзоиш ёфтааст", - гуфт Зубов.
Ба гуфтаи ӯ, ин нишондод 3,9 дарсади ҷиноятҳои дар давоми сол содиршуда дар кишварро ташкил медиҳад.
Бо вуҷуди ин, Зубов қайд кард, ки Русия наметавонад аз хориҷиён "дар инзиво" бимонад, зеро ба онҳо ниёз дорад.
"Русия як кишвари ниёзманди муҳоҷирон аст. Аз ин роҳи гурез нест... Мо наметавонем худро дар инзиво қарор диҳем", - изҳор дошт ӯ.
Қаблан хабар дода шуд, ки шумори ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар 11 моҳи соли 2022 нисбат ба як соли қабл тақрибан 10% афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, танҳо шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ҳудуди 30,4 ҳазор ҷиноят содир кардаанд. Ин назар ба як соли пеш 15,2 фоиз зиёд аст.