https://sputnik.tj/20230122/miyon-afghoniston-tojikiston-puli-sookhta-1054399314.html
Миёни Афғонистону Тоҷикистон пули нав сохта мешавад
Миёни Афғонистону Тоҷикистон пули нав сохта мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон феҳрасти тарҳу лоиҳаҳоеро эълон кардааст, ки татбиқи онҳо дар соли 2023 оғоз гардида, барои рушди соҳа такон мебахшанд
2023-01-22T12:30+0500
2023-01-22T12:30+0500
2023-01-22T12:30+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
пул
сохтмон
афғонистон
панҷ
фархор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101367/91/1013679171_0:257:2731:1793_1920x0_80_0_0_533f414953c48962f8f2fb617b057551.jpg
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар феҳрасти тарҳҳое, ки татбиқашон соли равон оғоз мегардад, сохтмони пули ҷадид аз болои дарёи Панҷ зикр шудааст. Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, пули ҷадид дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор бо роҳи автомобилгарди беш аз 18,5 километр ба он пайвасткунанда оғоз меёбад.Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки пули мазкур 7-ум миёни Тоҷикистону Афғонистон хоҳад буд, ки мавзеи Кокули ноҳия Фархорро ва Ойхонуми вилояти Тахор мепайвандад. Маврид ба зикр аст, ки то ҳол 6 пули фаромарзӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон сохта шудаанд, ки фаъолияти бисёрашон бо сари қудрат омадани толибҳо мутаваққиф шуда буд. Дарозии пули ҳафтум дар мавзеи Кокул миёни ноҳияи Фархори Тоҷикистон ва Ойхонум наздики 297 метр, бари он 4,5 метр арзёбӣ мегард. Инчунин таъкид шудааст, ки пул бо иқтидори борбардории 60 тонна сохта шуда, дарозии роҳи автомобилгарди ба пул баранда 18,5 км низ бозсозӣ хоҳад шуд. Қаблан арзиши татбиқи ин лоиҳа наздики 10 млн доллари амрикоӣ арзёбӣ шуда буд. Вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим қаблан мақсад аз сохтмони пулҳои байни ду кишварро таъмини инфрасохтори зарурӣ, рушди тиҷорати наздисарҳадӣ, рафтуомади бемамонияти шаҳрвандон гуфта буд. Вай афзуда буд, табодули беҳтарин дастовардҳои тарафҳо, таҷриба, хизматрасонӣ, таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бо ин тартиб баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони ноҳияҳои ҳаммарз ва минтақаи ду кишвари ҳамсоя аз аҳдофи аслист. Аммо дар ҳоли ҳозир рафтуомад миёни Тоҷикистону Афғонистон маҳдуд буда, кори бисёре аз пулҳо мутаваққиф шудаанд. Миёни Тоҷикистону Афғонистон дар баробари пулҳо инчунин бозорҳои наздисарҳадӣ низ фаъол буданд, ки феълан кори бисёрашон мутаваққиф шудааст.
https://sputnik.tj/20230111/sozish-dushanbe-kobul-sodirot-barq-1054122226.html
афғонистон
фархор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101367/91/1013679171_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_6b806df918ac9c4b5d2682fdb47b5b50.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сохтмон, пул, дарё, панҷ, афғонистон
сохтмон, пул, дарё, панҷ, афғонистон
Миёни Афғонистону Тоҷикистон пули нав сохта мешавад
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон феҳрасти тарҳу лоиҳаҳоеро эълон кардааст, ки татбиқи онҳо дар соли 2023 оғоз гардида, барои рушди соҳа такон мебахшанд
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар феҳрасти тарҳҳое, ки татбиқашон соли равон оғоз мегардад, сохтмони пули ҷадид аз болои дарёи Панҷ зикр шудааст.
Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, пули ҷадид дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор бо роҳи автомобилгарди беш аз 18,5 километр ба он пайвасткунанда оғоз меёбад.
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки пули мазкур 7-ум миёни Тоҷикистону Афғонистон хоҳад буд, ки мавзеи Кокули ноҳия Фархорро ва Ойхонуми вилояти Тахор мепайвандад.
Маврид ба зикр аст, ки то ҳол 6 пули фаромарзӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон сохта шудаанд, ки фаъолияти бисёрашон бо сари қудрат омадани толибҳо мутаваққиф шуда буд.
Дарозии пули ҳафтум дар мавзеи Кокул миёни ноҳияи Фархори Тоҷикистон ва Ойхонум наздики 297 метр, бари он 4,5 метр арзёбӣ мегард.
Инчунин таъкид шудааст, ки пул бо иқтидори борбардории 60 тонна сохта шуда, дарозии роҳи автомобилгарди ба пул баранда 18,5 км низ бозсозӣ хоҳад шуд.
Қаблан арзиши татбиқи ин лоиҳа наздики 10 млн доллари амрикоӣ арзёбӣ шуда буд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим қаблан мақсад аз сохтмони пулҳои байни ду кишварро таъмини инфрасохтори зарурӣ, рушди тиҷорати наздисарҳадӣ, рафтуомади бемамонияти шаҳрвандон гуфта буд.
Вай афзуда буд, табодули беҳтарин дастовардҳои тарафҳо, таҷриба, хизматрасонӣ, таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бо ин тартиб баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони ноҳияҳои ҳаммарз ва минтақаи ду кишвари ҳамсоя аз аҳдофи аслист.
Аммо дар ҳоли ҳозир рафтуомад миёни Тоҷикистону Афғонистон маҳдуд буда, кори бисёре аз пулҳо мутаваққиф шудаанд. Миёни Тоҷикистону Афғонистон дар баробари пулҳо инчунин бозорҳои наздисарҳадӣ низ фаъол буданд, ки феълан кори бисёрашон мутаваққиф шудааст.