Густариши боғу лимӯпарварӣ дар Хатлон

© Pixabay / rauschenbergerЛимоны, архивное фото
Лимоны, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2023
Обуна шудан
Майдони боғҳо дар вилояти ҷанубии Тоҷикистон аз нишондиҳандае, ки дар барномаи бунёди боғу токзорҳои нав муайян шудааст, ба маротиб зиёд иҷро шуд
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон беш аз 1268 гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда шудаанд, иттилоъ дод рӯзномаи расмии вилоят.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла дар заминҳои лалмӣ дар масоҳати 1265 гектар боғҳои ҷадид бунёд гардидаанд.
"Соли 2022 дар вилояти Хатлон иҷрои барномаи бунёди боғу токзорҳои нав 6,4 баробар зиёд таъмин карда шуд", - омадааст дар иттилоия.
Сарраёсати кишоварзии вилоят инчунин иттилоъ додаст, ки аз 372 гектар гармхонаҳои лимӯпарварӣ 7570 тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардид.
Таъкид шудааст, ки ҳосили ҷамъовардаи лимӯ дар қиёс бо соли 2021-ум наздики 3% ё баробари 206 тонна зиёд мебошад.
Фестивал лимона в городе Бохтар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2022
Намояндагони вилояти Омски Русия ба шаҳри Бохтар ба фестивали лимӯ рафтанд
Ҳосилнокии лимӯ, ба ҳисоби миёна, аз ҳар гектар 243 сентнериро ташкил мекунад, таъкид намудаанд масъулини Сарраёсати кишоварзии Хатлон.
Афзоиши тавлидоти лимӯ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки таваҷҷуҳ ба ин навъи маҳсулот дар дохили кишвар ва берун аз он майл ба афзоиш дорад.
Қаблан ҳайати намояндагони шаҳри Омск дар рафти сафар ба Хатлон, аз ду корхонаи маҳаллӣ, инчунин ба хоҷагии тухмипарварии "Ҳосилот", ки лиму, картошка, помидор ва дигар сабзавот парвариш мекунад, дидан карданд.
Ҳамкорӣ дар ин бахш миёни бахши хусусии вилояти Хатлон ва минтақаҳои Русия ояндадор арзёбӣ гардид.
Лентаи хабарҳо
0