https://sputnik.tj/20221212/viloyati-omsk-rusiya-bokhtar-festivali-limu-1053467247.html
Намояндагони вилояти Омски Русия ба шаҳри Бохтар ба фестивали лимӯ рафтанд
Намояндагони вилояти Омски Русия ба шаҳри Бохтар ба фестивали лимӯ рафтанд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони як вилояти Русия дар доираи фестивал ба мақомоти Хатлон ваъда доданд, ки барои содироти лимӯи Тоҷикистон ба бозори Русия мусоидат хоҳанд кард
2022-12-12T19:45+0500
2022-12-12T19:45+0500
2023-02-08T19:46+0500
дар тоҷикистон
хатлон
фестивал
омск
мақомот
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/0c/1053466919_0:0:1080:608_1920x0_80_0_0_fe8c07d2286a21e5ef998b48bb55e2b4.jpg
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Дар Қасри фарҳанг ва маркази иттилооти шаҳри Бохтар Фестивали лимӯ ва намоиши маҳсулоти саноатии вилоят баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.Тибқи иттилои манбаъ, фестивали мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон ва дар заминаи шартномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия баргузор гардидааст.Таъкид Шудааст, ки дар фестивал раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, намояндагони вилояти Омски Русия ва дигар масъулон иштирок доштанд.Раиси вилоят ва дигар масъулон дар бораи лимӯ ва ҳосили хуби имсолат ба меҳмонон маълумот дода, дар бораи шароити боду ҳавои мусоиди кишвар ва деҳқонони асили хатлонӣ иттилоъ доданд.Меҳмонон ба сифати маҳсулот ва ҳосили бадастомада баҳои баланд дода, дар хусуси харидор доштани маҳсулот ва ниёз ба чунин маҳсулот дар Русия ҳарф заданд.Баъдан, раиси вилоят бо меҳмонон аз намоиши маҳсулоти саноатӣ дидан карда, аз шахсони масъул ва кормандони корхонаҳои саноатӣ дар бораи коркарди маҳсулот, иқтидор, фаъолияти мутахассисон ва имконияти содироти маҳсулот маълумот гирифтанд.
омск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/0c/1053466919_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_327dcda11c20400ba376d36fc9b6c2cc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, омск, бохтар, фестивал, лимӯ, хатлон, мақомот, мусоидат, бозор
русия, омск, бохтар, фестивал, лимӯ, хатлон, мақомот, мусоидат, бозор
Намояндагони вилояти Омски Русия ба шаҳри Бохтар ба фестивали лимӯ рафтанд
19:45 12.12.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Намояндагони як вилояти Русия дар доираи фестивал ба мақомоти Хатлон ваъда доданд, ки барои содироти лимӯи Тоҷикистон ба бозори Русия мусоидат хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Дар Қасри фарҳанг ва маркази иттилооти шаҳри Бохтар Фестивали лимӯ ва намоиши маҳсулоти саноатии вилоят баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ, фестивали мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон ва дар заминаи шартномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия баргузор гардидааст.
Таъкид Шудааст, ки дар фестивал раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, намояндагони вилояти Омски Русия ва дигар масъулон иштирок доштанд.
Раиси вилоят ва дигар масъулон дар бораи лимӯ ва ҳосили хуби имсолат ба меҳмонон маълумот дода, дар бораи шароити боду ҳавои мусоиди кишвар ва деҳқонони асили хатлонӣ иттилоъ доданд.
Меҳмонон ба сифати маҳсулот ва ҳосили бадастомада баҳои баланд дода, дар хусуси харидор доштани маҳсулот ва ниёз ба чунин маҳсулот дар Русия ҳарф заданд.
“Маҳсулот дӯстдорону харидорони зиёдеро дорад ва ҷониби Русия омода аст, ки вобаста ба содироти чунин маҳсулот мусоидат намоянд”, - таъкид намудааст манбаъ .
Баъдан, раиси вилоят бо меҳмонон аз намоиши маҳсулоти саноатӣ дидан карда, аз шахсони масъул ва кормандони корхонаҳои саноатӣ дар бораи коркарди маҳсулот, иқтидор, фаъолияти мутахассисон ва имконияти содироти маҳсулот маълумот гирифтанд.